Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Ноябрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Конфронс бахшида ба ҳисоботи дуюми ТШСИ
» Расширенное заседание Коллегии в Министерстве финансов
» Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмо ...
» Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Ра ...


 
Архив новостей
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
Июнь 2018 (6)
Май 2018 (11)
 
Пресс-релизы : Конфронс бахшида ба ҳисоботи дуюми ТШСИ
 
Конфронс бахшида ба ҳисоботи дуюми ТШСИ

16 октябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Душанбе Серена дар чаҳорчӯбаи Форуми байналмилалии соҳибкорӣ–Душанбе 2018 “Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ”, бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ва Институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад–Тоҷикистон, конфронси минтақавӣ бахшида ба пешниҳоди Ҳисоботи дуюми миллӣ оид ба татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истих-роҷ (ТШСИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2016 ва беҳбуд бахшидан ба ҳамкориҳои минтақавӣ  баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавӣ ба Ташаббусро моҳи июни соли 2011 баъди конференсияи байналмилалӣ бахшида ба ТШСИ оғоз намуд. Моҳи августи соли 2011-ум 21 ташкилоти Ҷомеаи шаҳрвандӣ Ҷонибдории худро  ба ТШСИ изҳор намуда, Иттифоқи ташкилотҳои ҷомеаи  шаҳрвандии “Шаффофият барои рушд”-ро ташкил намуданд. Яке аз мақсадҳои асосии Иттифоқи ТҶШ мусоидат ба ҷорӣ намудани Стандартҳои ТШСИ дар Ҷумҳури Тоҷикистон ва иштироки фаъолона дар иҷрои ташаббус  мебошад.

Мақсади асосии Конфронс –ин рӯнамоии Ҳисоботи миллии ТШСИ, табодули таҷриба аз ҷониби иштироккунандагони Ташаббус дар минтақа ва муҳокимаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯбаи амалигардии ТШСИ буд.

Ҳисоботи мазкур фаъолияти 29 ширкати истихроҷи куҳӣ, пардохтҳои андозию гумрукиро, ки наздик ба 1 млн. сомониро дар бар мегиранд, фаро мегирад. Оид ба ҷамъбасти муқоисавии пардохтҳо сармояи умумӣ дар соли 2015  815 млн. сомонӣ, дар соли 2016 бошад, 1054 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳисоботи дуюми миллии ТШСИ барои солҳои 2015-2016 дар ҷаласаи Шӯрои ТШСИ–и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2017 тасдиқ гардидааст.

Дар  конфронс ҳайатҳои Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон, ҳамчунин, намояндаҳои сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои истихроҷкунанда, муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндаҳои Ташкилотҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ВАО ва ҳайати Шӯрои миллии ТШСИ иштирок доштанд.

Чорабинии мазкур дар асоси баргузории ду ҷаласа бо пешниҳоди рӯнамоӣ оид ба табодули таҷрибаи кишварҳои минтақа идома ёфта, қисмати дуюми конфронс дар шакли муколамаи умумӣ баргузор гардид.

Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ ин стандарти амиқи байналмилалӣ  ҷиҳати идораи пурсамари нафту газ ва захираҳои маъданӣ  маҳсуб мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурӣ афзалиятҳои иловагиро дастрас карда, дар соҳаи идораи захираҳои табиӣ татбиқи механизми амалигардонии таъмини шаффофиятро рӯи кор меорад. Татбиқи ТШСИ нуфузу иқтидори идораи онро таъсис дода, боварию эътимодро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта, самимияти ҳукуматро ҷиҳати мубориза бо коррупсия тасдиқ мекунад. Ҷоринамоии ТШСИ ҳамчунин, дар бунёди шароити мувофиқ ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаи истихроҷи маъданҳои куҳӣ мусоидат мекунад.

Моҳи феврали соли 2013 Тоҷикистон мақоми мамлакати номзад ба ТШСИ-ро ба даст овард ва Ҳисоботи якуми миллии Тоҷикистон оид ба татбиқи ТШСИ дар соли 2015 пешниҳод гардид, ки он фарогири 14 ширкати бахши истихроҷ ва пардохтҳои  онҳо дар соли 2014 буд.

Дар айни ҳол 51 кишвари ҷаҳон ТШСИ-ро дар худ ҷорӣ кардаанд, ки Қазоқистон, Қирғизистон, Украина ва Арманистон аз ҷумлаи онҳоянд.


Ҳисоботи миллӣ дар махзанҳои зерин дастрас аст:

http://eiti.tj/ru/otchet/soglasovannyi-otchet-po-ipdo-tadizhkistan

http://minfin.tj/index.php.do=static&page=IPDO


Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 2)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2