Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Сентябрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳ ...
» Ҷаласаи Шўрои машваратӣ назди Вазорати моли ...
» Встреча Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмо ...
» Мукофоти давлатӣ муборак !
» «Хониши парлумонӣ» баргузор гардид
» Қадрдонии молиячиён аз ҷониби Пешвои миллат
» Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Ра ...
» Церемония вручения государственных наград
» Чорабинии идона дар Вазорат
» Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳ ...


 
Архив новостей
Сентябрь 2018 (19)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
Июнь 2018 (6)
Май 2018 (11)
Апрель 2018 (8)
 
Пресс-релизы : Ҷаласаи Шўрои машваратӣ назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
 
Ҷаласаи Шўрои машваратӣ назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ

Санаи 12 сентябри соли 2018, дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, ки бо Фармоиши Вазорати молия аз 31 августи соли 2018 таъсис дода шудааст, баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ширкатҳои бонуфузи аудиторӣ иштирок намуда, дар оғози он муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Шӯро Нурмаҳмадиён Ҷ. оид ба мақсадҳои гузошташуда ҷиҳати пурзӯр намудани раванди ислоҳот дар самти методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ суханронӣ намуд.    

Рӯзномаи ҷаласа, ки аз ду масъала иборат буданд, мавриди баррасӣ ва муҳокимаи аъзоёни Шӯро қарор дода шуд.

Вобаста ба масъалаи якуми ҷаласаи Шӯро директори ширкати аудитории “БДО Тоҷикистон” Булбулов Ф.К. баромад намуда, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ”, ки дар таҳрири нав таҳия шудааст, презентатсия гузаронида шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки мақсади таҳияи санади мазкур ба шароити ҳозираи иқтисоди миллӣ мутобиқ намудани он ва ба танзим даровардани меъёрҳои такроршавандаи моддаҳои алоҳидаи қонуни мазкур мебошад.


Ҷаласаи Шўрои машваратӣ назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ

Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаи мазкур мувофиқа гардид, ки бо мақсади такмил додани лоиҳаи санади пешниҳодшуда, аз ҳисоби аъзои Шӯро гурӯҳи корӣ таъсис дода, аз ҷониби он дар муҳлати кӯтоҳ ба Шӯрои машваратӣ таклифу пешниҳод манзур карда шавад.

Масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа баррасии механизми назорати сифати фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ буда, нисбати он роҳбари ташкилоти аудитории “Делойт ва Туш” Гуланор Атобек суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки бо мақсади сифатнок ва самаранок ба роҳ мондани назорати фаъолияти ташкилоти аудиторӣ таҳия намудани ҳуҷҷати алоҳида зарур мебошад, ки он бевосита ба кормандони Вазорати молия барои гузаронидани таҳлил ва сифатнокии фаъолияти аудиторӣ имконият фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз, лоиҳаи ин ҳуҷҷат таҳия гардида, ба муҳокимаи Шӯрои машваратӣ манзур мегардад.

Ҳамин тариқ, вобаста ба мукаммал намудани Қоидаҳои назорати сифати фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ гурӯҳи корӣ иборат аз аъзои Шурои машваратӣ таъсис дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа аъзои гуруҳҳои корӣ муваззаф гардидаанд, ки лоиҳаи санадҳои пешбинишударо дар муҳлати муқарраргардида омода намуда, барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ манзур намоянд.

 

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

   

 

 

 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2