Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Сентябрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳ ...
» Ҷаласаи Шўрои машваратӣ назди Вазорати моли ...
» Встреча Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмо ...
» Мукофоти давлатӣ муборак !
» «Хониши парлумонӣ» баргузор гардид
» Қадрдонии молиячиён аз ҷониби Пешвои миллат
» Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Ра ...
» Церемония вручения государственных наград
» Чорабинии идона дар Вазорат
» Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳ ...


 
Архив новостей
Сентябрь 2018 (19)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
Июнь 2018 (6)
Май 2018 (11)
Апрель 2018 (8)
 
Пресс-релизы : Ашурбой Солеҳзода: «Буҷети давлатӣ дар понздаҳ соли охир хусусияти иҷтимоӣ пайдо намудааст»
 
Ашурбой Солеҳзода: «Буҷети давлатӣ дар понздаҳ соли охир хусусияти иҷтимоӣ пайдо намудааст»

14 августи соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид. Дар робита ба Фармони мазкур, АМИТ «Ховар» бо коршиноси масоили иқтисодӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода суҳбат намуд, ки бознашри мухтасари онро пешкаши хонандагон мегардонем.

- Тавре маълум аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро дар сиёсати иқтисодии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намуданд. Вобаста ба ин, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи зиёд намудани маоши амалкунандаи кормандони соҳаи буҷетиро ироа намуда, зикр доштанд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ аз 1 сентябри соли 2018 аз 10 то 15 фоиз зиёд карда мешавад. Лутфан мегуфтед, ки маблағи муайяншуда аз кадом ҳисоб ё кадом сарчашма таъмин мегардад?

- Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар 4 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин, аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ пурра таъмин карда мешавад.

Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар соли 2019 дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2019» пешбинӣ карда шуда, ҳамзамон, дар самтҳои асосии сиёсати молиявӣ ва Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда ба инобат гирифта шудааст.

- Вобаста ба болоравии кадом нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва даромади Буҷети давлатӣ, тасмими зиёд намудани музди маош ва нафақа гирифта мешавад?

- Татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат пешбинӣ менамояд, ки вобаста ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва афзоиши маҷмўи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, сол то сол музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо зиёд карда шавад, то ки сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар боз ҳам беҳтар гардад.

Тибқи қонунгузории амалкунанда шакл, низом ва андозаи музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз Буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақаро аз рўи синну сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

Вобаста ба афзоиши қисми даромади Буҷети давлатӣ ва рушди иқтисодӣ, мунтазам бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақалли музди меҳнат ва маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия баланд бардошта мешавад.

Ду сол пеш тибқи Фармони Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», таҳти №697, аз 6 июни соли 2016 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда буд. Ҳамзамон, маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия аз 15 то 30 фоиз баланд гардид.

Дар байни ду сол рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин гардида, сатҳи даромади аҳолӣ дар соҳаҳои иқтисодии кишвар афзоиш ёфт.

Ҳамзамон, ҷамъбасти соли 2016 нишон дод, ки суръати рушди иқтисодӣ дар сатҳи 6,9 фоиз ва соли 2017 дар сатҳи 7,1 фоиз таъмин гардида, қисми даромади Буҷети давлатӣ, мутаносибан 18,4 ва 19,6 млрд. сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2018 ба маблағи 21,3 млрд. сомонӣ муайян карда шуд, ки ин нисбат ба нақшаи даромади буҷети соли 2017 ба андозаи 7,3 фоиз зиёд мебошад.

Иҷрои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар имкон дод, ки бо иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия баланд бардошта шавад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», №1084 аз 14 августи соли 2018, маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия аз 10 то 15 фоиз баланд гардид.

Ҳамзамон, аз рўи нишондиҳандаи меъёри таварруми солона, ки дар соли 2017   6,7 фоизро ташкил намуд, қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии нафақагироне, ки ба онҳо дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» то 1 январи соли 2018 нафақа таъйин карда шудааст ва кор наме­кунанд ва сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда барои соли 2017 ба ҳамон меъёри таваррум, яъне 6,7 фоиз намоясозӣ карда шуд.

- Дар маҷмуъ он маблағҳое, ки барои тамоми соҳаҳои буҷетӣ равона карда мешаванд, чӣ андозаро дарбар мегиранд?

- Барои амалӣ намудани зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия ва нафақаҳои суғуртавию иҷтимоӣ аз рўи андозаҳои дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида, дар чор моҳи соли 2018 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 400 млн. сомонӣ равона карда мешавад.

Маблағҳои зикргардида дар Буҷети давлатии соли 2018, аз ҷумла дар Буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои як қатор вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ гардида, маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар чор моҳ таъмин карда мешавад.

Инчунин, иҷроиши барзиёди даромади буҷетҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сарфаи хароҷот низ, пеш аз ҳама ба ин мақсад равона карда мешаванд.

- Тавре дар Парлумони кишвар зимни баррасии буҷети соли 2018 масъулини Вазорати молия зикр намуда буданд, наздик ба 10 млрд. сомонӣ дар Буҷети давлатӣ ба бахши иҷтимоӣ равона карда мешавад, ки 50 фоизи буҷети умумиро дарбар мегирад. Дар ҳамин маврид мегуфтед, ки хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2018 бо кадом мақсад ва ба кадом соҳаҳои муҳим нигаронида шудааст?

- Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар понздаҳ соли охир хусусияти иҷтимоӣ пайдо намудааст, ки аз татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру таъкидҳояшон доир ба таъмини сатҳу сифати баланди зиндагии мардуми кишварамон бармеояд.

Бинобар ин, дар самти таҳия ва қабули Буҷети давлатӣ, ҳамасола ба равона намудани маблағҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода мешавад. Буҷети давлатӣ барои соли 2018 дар асоси натиҷа­ҳои иҷрои Буҷети давлатӣ дар солҳои 2015 - 2017 ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои солҳои 2018 - 2020, таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Вобаста ба ин, сиёсати буҷету андоз дар соли 2018, пеш аз ҳама, барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, яъне пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ, нафақа, кумакпулӣ, стипендияҳо ва уҳдадориҳои дигари иҷтимоии давлат, ҳамзамон, барои рушди соҳаҳои маорифу илм, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардид.

Дар баробари ин, Буҷети давлатӣ дар соли 2018 ба афзалиятҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла барои таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ мубаддал гардонидани он, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмин намудани шуғли пурмаҳсул ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷи­кистон барои давраи то соли 2030 дарҷ ёфтаанд.

 

Бознашр аз АМИТ “Ховар”

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2