Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ...
» Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷаш ...
» Баррасии одоби хизматчии давлатӣ
» Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳ ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Водоснабже ...
» Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар
» Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии То ...
» Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2018 (1)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
 
Пресс-релизы : Ноҳияи Мурғоб: Бунёди иншоот – туҳфа ба ҷашни Истиқлолият
 
Ноҳияи Мурғоб: Бунёди иншоот – туҳфа ба ҷашни Истиқлолият

Эрназар Сатаров,

сардори Раёсати молияи

ноҳияи Мурғоби ВМКБ


Молиячиёни ноҳияи Мурғоб аз иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мавриди аз 1 сентябри соли 2018 баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, пайи таъмини саривақтии музди меҳнату пардохти нафақа, аз тамоми донишу малакаи худ васеъ истифода хоҳанд бурд. Аз 10 то 15 фоиз баланд бардоштан дастмузди меҳнати кормандони буҷетӣ ва андозаи нафақаву стипендияи донишҷӯён, дар беҳбуд бахшидан ба сатҳи рӯзгору зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

            Имрӯз, ки мо дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, аз ин рӯ корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ – ноҳияи Мурғоб бомуваффақона идома дорад.

Мутобиқи Нақша - чорабинӣ, як қатор корҳои сохтмонӣ, аз он ҷумла, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Оқ-Су», ки арзиши лоиҳавиаш 8600,0 ҳазор евро мебошад, дар сатҳи анҷомёбӣ қарор дорад. Сохтмони НБО-и нав ин орзуи чандинсолаи аҳолии ноҳияи Мурғоб буд. Моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода додани НБО-и мазкур, ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар назар аст. Иншооти мазкур барои ноҳияи Мурғоб ҳамчун иншооти таърихӣ маҳсуб мегардад.

Ба ғайр аз ин, якчанд иншоотҳои муҳимми давлатӣ, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб бевосита мусоидат менамоянд, ба муносибати ин иди бузурги миллӣ ба истифода дода мешаванд. Аз он ҷумла, сохтмонҳои бинои маъмурии дуошёнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб бо арзиши лоиҳавии 13416,0 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии сеошёнаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо арзиши лоиҳавии 1980,0 ҳазор сомонӣ, бинои толори варзишӣ барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар маркази ноҳия бо арзиши лоиҳавии 1450,0 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии дуошёнаи гумруки ноҳия бо арзиши 600,0 ҳазор сомонӣ, фабрикаи тозакунии маъдан ва партовгоҳ барои истихроҷи кони нуқраи Ақҷилға бо арзиши лоиҳавии 12880,5 ҳазор долл. амрикоӣ ва меҳмонхона бо арзиши лоиҳавии 160,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудаанд.

Бояд қайд кард, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016 - 2020 қабул гардида, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дуюмин барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мебошад, ки қаблан низ чунин барнома барои солҳои 2005 - 2010 қабул гардида, пурра амалӣ шуда буд.

Бо амалӣ шудани Нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб, оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016 - 2020, ноҳияи Мурғоб ба маркази саноатӣ ва тиҷоратӣ табдил меёбад. Дар қатори ин, якчанд корхонаҳои саноатӣ ва хизматию маишӣ ба кор шуруъ намуда, ҷойҳои кории доимӣ барои аҳолии ноҳия фароҳам омада, дар маҷмуъ, ин ҳама омили зиёд шудани қисми даромади буҷети ноҳия мегардад.

 

Сарчашма:

Идораи маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ”

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2