Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ...
» Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷаш ...
» Баррасии одоби хизматчии давлатӣ
» Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳ ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Водоснабже ...
» Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар
» Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии То ...
» Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2018 (1)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
 
Пресс-релизы : Иқдоми Пешвои Миллат – файзбахши ҳар хонадон
 
Иқдоми Пешвои Миллат – файзбахши ҳар хонадон

Умед Мусофирзода,

иҷрокунандаи сардори

Раёсати молияи шаҳри Бохтар

 

Қабл аз истиқбол аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақахӯрону донишҷӯён туҳфаи муносибу арзандае карданд: Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018 таҳти рақами 1084, музди меҳнати кормандони соҳаи буҷет, андозаи нафақахӯрону донишҷӯён аз 10 то 15 фоиз зиёд карда шуд. Чунин иқдом бори дигар аз олиҳиммативу саховатпешагии Сарвари давлат дарак медиҳад. Дар посух ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат бо дилпурӣ метавон гуфт, ки Раёсати молияи шаҳри Бохтар зиёдшавии музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷети шаҳрро ба инобат гирифта, ҷиҳати сари вақт таъмин намудани онҳо кӯшиш хоҳанд кард ва дар амалӣ кардани иқдоми мазкур, аз маҳорати баланди касбии худ истифода хоҳанд бурд.

Лозим ба тазаккур аст, ки Раёсати молияи шаҳри Бохтар ҷиҳати амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, пайваста роҳу воситаҳое меҷӯянд, то дар иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз худ саҳми муносиб гузорад. Маҳз чунин саъйю талош ва заҳмати беандозаи кормандони Раёсати молияи шаҳр дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо буд, ки дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷет 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 36,6 млн. сомонии нақшаи пешбинишуда, 37,4 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар таъмини музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва пардохти нафақа, то ба имрӯз қарздорӣ умуман ба назар намерасад ва он маблағҳое, ки ба буҷети маҳаллӣ ворид мегарданд, дар мадди аввал ҷиҳати бо музди меҳнат ва нафақа таъмин намудани аҳолӣ сафарбар мешаванд. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки заминаи мусоид барои пардохти музди меҳнати зиёдгашта муҳайё карда шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳри Бохтар дар соли 2018, баҳри сазовор истиқбол намудан аз ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор иншоотҳо ба маблағи 5,7 млн. сомонӣ таъмир ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, инчунин, пешбинӣ шудааст, то ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ кӯдакистони дорои 90 ҷой дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар сохта ба истифода дода шавад.

Маҳз ҳамкории хубу пайваста бо кормандони нозироти андоз, омили ғанӣ гардидани буҷети маҳаллии шаҳр ва дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ мегардад. Дар навбати худ кӯшиш карда истодаем, то он нақшаҳоеро, ки ба зиммаи мо дар соли 2018 вогузошта шудаанд, дар ҳамкориву ҳамҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ аз иҷрои онҳо сарбаландона бароем.

Моро лозим аст, то дар кору фаъолияти ҳамарӯзаамон масъулияти баланди касбӣ нишон дода, пайи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, содиқона ба халқу Ватан хизмат кунем.

 

Сарчашма:

Идораи маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ”

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2