Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Сентябрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
Самое читаемое
» Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳ ...
» Ҷаласаи Шўрои машваратӣ назди Вазорати моли ...
» Встреча Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмо ...
» Мукофоти давлатӣ муборак !
» «Хониши парлумонӣ» баргузор гардид
» Қадрдонии молиячиён аз ҷониби Пешвои миллат
» Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Ра ...
» Церемония вручения государственных наград
» Чорабинии идона дар Вазорат
» Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳ ...


 
Архив новостей
Сентябрь 2018 (19)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
Июнь 2018 (6)
Май 2018 (11)
Апрель 2018 (8)
 
Пресс-релизы : Ҷаласа оид ба шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, №1084
 
Ҷаласа оид ба шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, №1084

20 августи соли 2018 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи васеи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ, инчунин масъулин аз вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

Чорабиниро муовини якуми Вазири молия Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, сараввал қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифат ва зиндагии арзандаи мардуми кишварро дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд.


Ҷаласа оид ба шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, №1084

Ҳамин буд, ки ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар супориш додаанд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз 1 сентябри соли 2018 зиёд карда шавад, ки дар натиҷа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” аз санаи 14 августи соли 2018, 1084 ба тасвиб расид.

Дар аснои чорабинӣ, аз ҷониби мутахассисони Дастгоҳи марказии Вазорат оид ба зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ,  маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин андозаи стипендия ва нафақа маълумоти муфассал манзур гардид.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2