Дар доираи иштироки худ дар Ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ, Роҳбарияти Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон бо Вазири Департаменти федералии молиявии Конфедератсияи Швейтсария Ули Мауер ва Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан вохурӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, ҳалли мушкилоти татбиқи барномаҳои иқтисодии Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Гуруҳи давлатҳои минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки сарпарастии онро Швейтсария ба уҳда дорад ибрози назар гардид.
Илова бар ин, ҷонибҳо ба мушкилиҳои қатъ гардидани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои давлатҳои Осиёи Миёна ва дарёфти роҳҳои ҳалли он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо иброз намуданд, ки ҳамкориҳои судмандро миёни Швейтсария ва Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд дод ва дар ин раванд имзои Ёддошти тафоҳум миёни Вазоратҳои молияи ҳар ду кишвар мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти федералии молиявии Конфедератсияи Швейтсария бо мақсади таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳавасмандии ҳамкорӣ дар самти сиёсати молиявӣ ва идоракунии самарабахши молияи давлатӣ ба имзо расонида мешавад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Швейтсарияро ба конфронси сатҳи баланд “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе 20 - 22 июн бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор хоҳад шуд даъват намуд.
Раёсати котиботи
Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон