Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Ноябрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Конфронс бахшида ба ҳисоботи дуюми ТШСИ
» Расширенное заседание Коллегии в Министерстве финансов
» Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмо ...
» Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Ра ...


 
Архив новостей
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
Июнь 2018 (6)
Май 2018 (11)
 
Пресс-релизы : Ҳамкориҳо густариш меёбанд
 
Ҳамкориҳо густариш меёбанд

Дар доираи ҷаласаҳои баҳории Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (IMF/WB Springmeetings 2018) намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов як қатор мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ доир намуданд.

19 апрели соли 2018 аз ҷониби ҳайати расмӣ бо муовини директории Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Тао Чжан мулоқоти корӣ доир гардид.

Мавзӯи мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар бахши воқеиии қтисодиёт, низоми молиявию бонкӣ ва мусоидат дар фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба ин таҳияи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти мулоқот Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода сухан карда, оид ба вазъи иқтисодии кишвар, қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои гуногун, саҳми ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати рушди иқтисодиёт ибрози ақида намуд.

Инчунин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, дар навбати худ пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор дар минтақа Маркази такмили ихтисос бо мақсади омода намудани мутахассисон бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар ин самт таъсис дода шавад.

Вобаста ба ин ҷаноби Тао Чжан бо боварӣ изҳор дошт, ки барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон монеа вуҷуд надорад ва баҳри тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҷалби шарикони Хазинаи Байналмилалии Асъор иқдомҳо амалӣ карда хоҳанд шуд.

Дар ҷамъбасти мулоқот Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, омодагии хешро баҳри вусъат бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, бахусус дар ояндаи наздик барои татбиқи барномаи нав изҳори умед намуд. Дар ин самт даъват гардид, ки ҷонибҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушд ва нигоҳдории суботи молиявию бонкӣ чораҳои заруриро мавриди амал қарор диҳанд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2