Дар мулоқоти навбатии Роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон, ки нимаи дуюми рӯзи 19 апрели 2018 дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Ҳудак баргузор шуд, ҷонибҳо дар масъалаи мавҷуд будани захираҳои мусоиди гидроэенергетикӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳаи муфид, ширкати Бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, зимни вохӯрӣ бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Ҳудак изҳор доштанд, ки иқтидори гидроэнергетики кишвар зиёд буда, лоиҳаи НБО “Роғун” аҳамияти минтақавӣ дорад. Аз ин рӯ, барои ҳамкорӣ дар татбиқи ин лоиҳа ва лоиҳаҳои дигари сармоягузорӣ Бонки сармоягузории Аврупо ба ҳамкорӣ даъват карда шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин, масоили ҳамкорӣ дар самти низоми бонкӣ - молиявӣ, бахши хусусӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раёсати котиботи
Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон