Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ...
» Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷаш ...
» Баррасии одоби хизматчии давлатӣ
» Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳ ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Водоснабже ...
» Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар
» Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии То ...
» Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2018 (1)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
 
Пресс-релизы : Иштирок дар ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ
 
Иштирок дар ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ

Намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии БМТ дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ (IMF/WB SPRING MEETINGS 2018), ки дар шаҳри Вашингтони ИМА 16 - 22 апрели соли 2018 баргузор гардид, якчанд мулоқоту машваратҳои судмандро анҷом доданд.

 

 

Иштирок дар ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ

 

Дар вохӯрии Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Сирилл Мюллер доир гашт, масоили ҳамкории дуҷонибаи судманд дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханрониҳо оид ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дар ин замина эълон намудани моратория барои санҷишҳо ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, шароит ва имкониятҳои мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла гидроэнергетика, туризм, низоми бонкӣ, дастрасӣ ба бозорҳои коғазҳои қиматноки ҷаҳонӣ ва барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ бо бонкҳои ИМА маълумоти муфассал манзур намуданд. Инчунин, ҷонибҳо вобаста ба таҳияи лоиҳаи нави “Стратегияи шарикии кишвар бо Бонки Ҷаҳонӣ барои солҳои 2019 - 2023” мубодилаи афкор намуда, хулоса ва иловаҳои худро изҳор намуданд.

Зимни мулоқот ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсусро барои иштироки Бонки Ҷаҳонӣ дар татбиқ ва анҷоми саривақтии иншооти бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ - лоиҳаи Нерӯгоҳи барқии обии (НБО) Роғун, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷоми саривақтии иншооти мазкур сохтмони он босуръат идома дорад, инчунин, барои ширкат дар лоиҳаҳои дигар, аз қабили САSA - 1000 ҷалб намуданд.

Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Сирилл Мюллер дар рафти мулоқот барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои алоҳида дар соҳаи гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахши хусусӣ дар минтақаҳо, дастрасии аҳолии ноҳияҳои дурдаст ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди омилҳои инсонӣ изҳори омодагӣ намуд. Дар маҷмуъ, барои татбиқи лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар асоси стратегияи миёнамуҳлат ҷиҳати дастгирии рушди устувори низоми молиявию бонкӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Сирилл Мюллер изҳори ҳавасмандӣ  карда  шуд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2