Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ...
» Нақши зан – Модар дар танзими анъана ва ҷаш ...
» Баррасии одоби хизматчии давлатӣ
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Водоснабже ...
» Нақши занони молиячӣ дар рушди кишвар
» Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии То ...
» Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ...
» Встреча Министра финансов с Главой представительства Е ...


 
Архив новостей
Декабрь 2018 (2)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
 
Пресс-релизы : Ҳамоиш – семинар дар мавзӯи “Аҳамият ва самараи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия»”
 
Ҳамоиш – семинар  дар мавзӯи “Аҳамият ва самараи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия»”

   Субҳи имрӯз – 19 марти соли 2018
дар толори маҷлисгоҳи Вазорати молия ҳамоиш – семинар  дар мавзӯи “Аҳамият ва самараи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» ва ҷараёни иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» бо иштироки Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор баргузор гардид.

   Дар кори он сармуҳосибони беш аз 44 вазорату идораҳо – иштирокчиёни бевоситаи ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат варзиданд.

   Вобаста ба мавзӯи матраҳшавандаи ҳамоиш - семинар  Аҳмадзода Файзалӣ - сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадзода Фаридун Маҳмад - муовини сардори Сарраёсат - сардори Раёсати назорати буҷет ва фондҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Қудрат – Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқимӣ Нигора Аминзода - сардори Раёсати 2-и Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Турсунзода Азим Ҳайдар - муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Хуршед - муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳо баромад намуда, бо натиҷа аз санҷишҳои анҷомгирифтаи соҳавӣ таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба мақсадноку пурсамар ва аз рӯи таъинот  истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ҷалб намуданд.

   Бояд зикр сохт, ки ҳамоиш-семинари мазкур тибқи Нақша – чорабинии Вазорати молия  аз ҷониби Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи ҶТ ҷиҳати иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" бо ҷалби намояндагони мақомоти олӣ ва ваколатдори назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.


 

Ҳамоиш – семинар  дар мавзӯи “Аҳамият ва самараи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия»”

   Қобили тазаккур аст, ки масъалаи баррасишуда воқеан бозгӯи касбияти кории масъулини соҳа буда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию молиявии мутахассисони Вазорати молия, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва махсусан сармуҳосибони корхонаю ташкилотҳои буҷетӣ, пеш аз ҳама дар самти самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ созгор мебошад. 

   Дар фарҷоми ҳамоиш – семинар Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор изҳори боварӣ намуд, ки сармуҳосибон чун иштирокчии масъули татбиқи риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатӣ” дар ташкилоту муассисаҳои худ ҳастанд, аз ин эродҳо ва тавсияҳо хулосаи дуруст бароварда, ба хатогиҳои эҳтимолӣ низ минбаъд роҳ нахоҳанд дод.

   Ҳамзамон афзуд, ки ин гуна ҳамоишҳои дастаҷамъона баҳри таъмини иҷроиши саривақтӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои Буҷети давлатӣ таъсири мусбӣ расонида, дар амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ, ки ҳадафи Роҳбарияти олиямон таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандонамон мебошад, мусоидати бештар хоҳад намуд. 

  Зеро ҳар яки мо чун хизматчии давлатӣ бе баргузории чунин ҳамоишҳо дар риояу татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқукӣ бо дарки масъулият бояд намунаи ибрати дигарон бошем ва тавонем, ки дар худ ин рисолатро тарбия намуда, фаъолиятеро вобаста аз масъулияти хизматиямон тавре анҷом диҳем, ки боиси эрод ё нигарониҳои оқибатдошта набошад.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 14)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2