Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Октябрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Тақвият бахшидани соҳаи аудити дохилӣ ...
» Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Дон ...
» Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто ...
» Идомаи сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомал ...
» Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ
» Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ...
» Маросими кушодашавии мусобиқа оид ба футболи хурд ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Управление ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с пред ...


 
Архив новостей
Октябрь 2018 (7)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
Июнь 2018 (6)
Май 2018 (11)
 
Пресс-релизы : Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба "Рўзи Модар" дар Вазорати молия
 
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба "Рўзи Модар"  дар Вазорати молия

   7-уми марти соли 2018 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана бахшида ба Рўзи Модар баргузор гардид.

   Маҷлиси тантанавиро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ифтитоҳ намуда, қабл аз ҳама бо ин рўзи саид тамоми модарону бонувонро шодбош гуфтанд ва аз бузургии Зан - Модар ситоиш намуда, ҳамзамон таъкид карданд, ки бузургдошт ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои Зан-Модар, қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст ва имрўз шароити муносиб фароҳам омадааст, то занон ва модарони мо дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд. Дар идомаи суханронӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор изҳори умеду боварӣ карданд, ки занону модарони арҷманди мо чун тарбиятгари миллат, рисолати муҳимми иҷтимоии худро амиқ дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.


Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба "Рўзи Модар"  дар Вазорати молия
   

   Баъдан муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода ба сухан баромада, меҳмонон ва бонувону модарони Вазорати молия ва дар симои онҳо тамоми бонувони кишварро бо Рўзи Модар шодбош гуфта, қайд намуданд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Бонувони тоҷик, - гуфт дар идомаи суханронӣ Ҷ.Каримзода, - дар ҳамаи соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахусус дар соҳаи молияи давлатӣ фаъолона иштирок намуда, дар пешрафти мамлакат саҳми босазо доранд.

   Сармуҳаррири Идораи маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Момогул Шодиева зимни суханронӣ  Зан - Модарро чун пешбарандаи сиёсати давлат, тараннумгари зебоӣ, идомабахши анъанаҳои неки гузаштагон маънидод намуда, нақши онҳоро дар пешбурди соҳоҳои гуногуни иқтисодиёт муҳим арзёбӣ намуд.

   Дар ҷамъомад инчунин, шоири Халқии Тоҷикистон,  барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ устод Муҳаммад Ғоиб, шоира Шаҳрияи Аҳтамзод, мутахассиси бахши молияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилуфар Амонова, раиси Шўрои занони Вазорати молия Назира Шарафидинова ва занҳои собиқадори Вазорати молия иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Зан-Модарро дар раванди таълиму тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзандон барҷаста арзёбӣ намуданд.

  Дар охир Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде аз занҳои фаъоли Вазорати молияро бо Ифтихорнома-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, таъкид намуданд, ки дастуру супоришҳоеро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наздамон гузоштаанд, ҳар яки моро водор месозад то баҳри таъмини босифати  Буҷети давлатӣ масъулиятро дучанд намоем.

 

Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 9)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2