Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
Самое читаемое
» Сафари нахустини ҳамкориҳои судманд
» Переговоры между Республикой Таджикистан и Объединённым ...
» Низоми идоракунии молияи давлатӣ дар даврони Исти ...
» Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳу ...
» Вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии То ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню Государственно ...
» ҚОНУНИ ТАНЗИМ САМАР МЕОРАД
» ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛӢ РЎЙДОДИ ТАҚ ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню профессиональн ...
» САҲМГУЗОРӢ ДАР ҒАНИГАРДОНИИ БУҶ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2017 (4)
Ноябрь 2017 (8)
Октябрь 2017 (11)
Сентябрь 2017 (10)
Август 2017 (4)
Июль 2017 (16)
 
Пресс-релизы : ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛӢ РЎЙДОДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ
 
ИҶЛОСИЯИ  XVI  ШЎРОИ  ОЛӢ  РЎЙДОДИ ТАҚДИРСОЗИ  МИЛЛАТ

Ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДМИТ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он Сайфулло Сафаров, номзади илмҳои фалсафа, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати профессорону устодон ва донишҷўён иштирок доштанд.

Сараввал Шукрулло Хайров, муовини ректор оид ба таълим, ҳозиринро ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раёсати донишкада шодбош гуфта, қайд намуданд, ки маҳз 25 сол муқаддам бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсоз доир гардид, ки ба сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таъсири амиқ гузошт.

- Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти таърихии беназир дорад,- гуфт Шукрулло Хайров. Зеро, ин рўйдоди муҳимми таърихӣ дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки бо дилу нияти пок аз рўзҳои аввалини роҳбарӣ тамоми кўшишу заҳматҳои худро барои хомўш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот, якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон равона намуда, халқи тоҷикро муттаҳид сохт. Шукр, ки бо шарофати хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу салоҳ барқарор гардид ва имрўз мо дар ватани биҳиштосо зиндагӣ дорем, - афзуд Ш.Хайров.

Сипас, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба сухан баромада, зикр намуд, ки ин Иҷлосия барои он муҳим аст, ки ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Маҳз бо шарофати Иҷлосияи мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлатамонро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми халқу миллатҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави кишварро 6 ноябри соли 1994 қабул намуданд.

Дар идомаи суханронӣ С.Сафаров таъкид намуданд, ки «Қабули Конститутсия, интихоби Сарвари давлат, вакилони халқ ва Маҷлиси олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ, тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сўи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ дар мамлакат ҳидоят намуд. Иҷлосияи XVI заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон, бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро ибтидо гузошт ва он оғози ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб рафта, ба беҳокимиятӣ, хатари нестшавии халқи тоҷик нуқта гузошт ва якпорчагии марзу буми кишварро таъмин намуд, - гуфт Сайфулло Сафаров.

            Дар интиҳои чорабинӣ Ш.Хайров қайд намуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки Тоҷикистон чунин Роҳбари тавоно дорад ва Пешвои миллат кишварро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, онро ба як давлати пешрафта ва дар ҳоли рушд табдил дод.


Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2