Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
Самое читаемое
» Сафари нахустини ҳамкориҳои судманд
» Переговоры между Республикой Таджикистан и Объединённым ...
» Низоми идоракунии молияи давлатӣ дар даврони Исти ...
» Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳу ...
» Вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии То ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню Государственно ...
» ҚОНУНИ ТАНЗИМ САМАР МЕОРАД
» ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛӢ РЎЙДОДИ ТАҚ ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню профессиональн ...
» САҲМГУЗОРӢ ДАР ҒАНИГАРДОНИИ БУҶ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2017 (4)
Ноябрь 2017 (8)
Октябрь 2017 (11)
Сентябрь 2017 (10)
Август 2017 (4)
Июль 2017 (16)
 
Пресс-релизы : Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди молияи давлатӣ
 
Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди молияи давлатӣ

     Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсоз, баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

     Маҳз бисту се сол қабл, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо иродаи кулли мардуми тоҷик қабул гардида, ба ҳифзи Истиқлолият ва муайян намудани пояҳо ва аркони давлату давлатдории навини тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид.

     Бо ташаббуси сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар, ба Ҳукумати мамлакат муяссар гашт, ки пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб, ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ, рўйи кор оянд.

     Қобили зикр аст, ки пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри дар амал татбиқ намудани меъёрҳои он, дар соҳаи молияи давлатӣ як қатор қонунҳои муҳим, аз ҷумла: Кодексҳои андозу гумрук, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ”, “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ”, “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ”, “Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок”, “Дар бораи суғуртаи давлатӣ”, “Дар бораи идоракунии молиявӣ” ва ғайра қабул карда шуданд.

     Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати молияи давлатӣ, ки пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои он сарчашма мегирад, ин хусусияти иҷтимоиро пайдо намудани қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ мебошад, ки он пеш аз ҳама барои дар амал татбиқ намудани афзалиятҳои рушди иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таъмини пурраи уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаю ташкилотҳои соҳаи иҷтимоӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ равона карда шудааст.

     Қобили тазаккур аст, ки дар самаранок амалишавии ҳадафҳои стратегии давлатӣ, инчунин, рушди бемайлони иқтисодиёт ва пешбурди сиёсати ягонаи молияи давлатӣ, дар баробари дигар мақомоти марбутаи давлатӣ, нақши Вазорати молия ҳамчун мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ низ назаррас аст.

     Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки аз соли 1994 сар карда, то инҷониб барои сиёсати молия ва андозу буҷет, давраи оғози пешравиҳо ва тадбирҳои нави ислоҳоти молиявӣ фароҳам омад. Дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳои идоракунии молияи давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, идоракунии қарзи давлатӣ ва барномаҳо оид ба механизми нави маблағгузории соҳавӣ (маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва алоқа) ба роҳ монда шудааст, ки татбиқи амалии онҳо низоми мустақил ва ягонаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маҷмуъ таъмин ва танзим менамояд.

     Дар даҳ соли охир, ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва Институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки натиҷаҳои ҳамкориҳо хеле назаррас ва густурда мебошанд.

     Ин аст, ки сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз бо истифода аз стандартҳои байналмилалӣ рушди устувории соҳаҳои молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро таъмин менамояд.

     Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини мо пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  кишварамон  Ҷаноби  Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ва заҳмату кўшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардидааст.                                                                                   

Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2