Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
Самое читаемое
» Сафари нахустини ҳамкориҳои судманд
» Переговоры между Республикой Таджикистан и Объединённым ...
» Низоми идоракунии молияи давлатӣ дар даврони Исти ...
» Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳу ...
» Вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии То ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню Государственно ...
» ҚОНУНИ ТАНЗИМ САМАР МЕОРАД
» ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛӢ РЎЙДОДИ ТАҚ ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню профессиональн ...
» САҲМГУЗОРӢ ДАР ҒАНИГАРДОНИИ БУҶ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2017 (4)
Ноябрь 2017 (8)
Октябрь 2017 (11)
Сентябрь 2017 (10)
Август 2017 (4)
Июль 2017 (16)
 
Пресс-релизы : САҲМГУЗОРӢ ДАР ҒАНИГАРДОНИИ БУҶЕТИ КИШВАР
 
САҲМГУЗОРӢ ДАР ҒАНИГАРДОНИИ БУҶЕТИ КИШВАР

 

     Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 1- ноябри соли 1994 ташкил шудааст, ки аз ин сана 23 сол пур шуд.

      Бахшида ба ин санаи муҳим, барои иҷрои корҳои назаррас дар пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, инчунин тартиб ва ба танзим даровардани гардиши маснуоти заргарӣ, таҳлил ва ташхиси металлҳои қиматбаҳову сангҳои қиматбаҳо, аз номи роҳбарияти Вазорати молия муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, муовини сардори Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Қурбоновро бо «Ифтихорнома»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонид.

     Қайд намудан ба маврид аст, ки Нозироти давлатии иёргирӣ зодаи давраи соҳибистиқлолӣ буда, мақсад аз ташкил намудани он назорати давлатии иёри металлҳои қиматбаҳо, ҳимоя намудани ҳуқуқи истифодакунандагони маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, ҳимояи ҳуқуқи истеҳсолкунандагони ин маснуот аз рақобати ноодилона, ҳамчунин ҳимояи манфиати давлат ба ҳисоб меравад.

     Инчунин, ба ин муносибат аз ҷониби сардори Нозироти давлатии иёргирӣ, Дилшод Саидзода чанде аз кормандони пешқадами Нозиротро бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ намуд.

 

САҲМГУЗОРӢ ДАР ҒАНИГАРДОНИИ БУҶЕТИ КИШВАР

     Ҳамзамон, Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар тўли 23 соли фаъолият бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ, барориши нишонаҳои ҷашниро аз металлҳои қиматбаҳо ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, саҳми мутахассисон - заргарони он дар омода намудани Ангораи нишонаҳои ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ҷашни 3000-солагии Ҳисори бостонӣ ва дигар ҷашнҳои таърихии кишвар аз тилло ва нуқра арзанда мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки сохтани чунин нишонаҳо маҳорати баланди эҷодию касбиро талаб менамояд.

 

САҲМГУЗОРӢ ДАР ҒАНИГАРДОНИИ БУҶЕТИ КИШВАР

     Бинобар ин, мақсади асосии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ин ғанӣ гардонидани фонди мазкур мебошад. Дар айни замон, дар Хазинаи сарватҳои давлатӣ озмоишгоҳҳои кимиёвӣ, истеҳсолотӣ, геммологӣ ва суфтагардонии таҷрибавии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ фаъолият доранд, ки онҳо бо таҷҳизоти ташхисии ҳозиразамони техникӣ, аз ҷумла, асбоби спектрсанҷӣ-рентгении «Spectro midex», тарозуҳои электронӣ, даймонд-тестер «Presidium», дихроскоп «Gia», рефрактометр «Duplex», микроскопҳои «Gia», тарозуи обӣ барои санҷидани зичӣ ва дигар асбобҳо барои суфтагардонӣ ва буридани сангҳои қиматбаҳо муҷаҳҳаз гардидаанд.

     Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ташкил, ки аз он муҳлати начандон тўлонӣ сипарӣ шудааст, тавонист ба як муассисаи барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳаммияти стратегӣ табдил ёбад.

 

Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2