Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
Самое читаемое
» Сафари нахустини ҳамкориҳои судманд
» Переговоры между Республикой Таджикистан и Объединённым ...
» Низоми идоракунии молияи давлатӣ дар даврони Исти ...
» Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳу ...
» Вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии То ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню Государственно ...
» ҚОНУНИ ТАНЗИМ САМАР МЕОРАД
» ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛӢ РЎЙДОДИ ТАҚ ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню профессиональн ...
» САҲМГУЗОРӢ ДАР ҒАНИГАРДОНИИ БУҶ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2017 (4)
Ноябрь 2017 (8)
Октябрь 2017 (11)
Сентябрь 2017 (10)
Август 2017 (4)
Июль 2017 (16)
 
Пресс-релизы : ҚОНУНИ ТАНЗИМ САМАР МЕОРАД
 
ҚОНУНИ ТАНЗИМ САМАР МЕОРАД

11 августи соли равон Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баъд аз муҳокимаи умум ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, якдилона қабул гардид.

Тағйироту иловаҳои воридгашта ба Қонуни мазкур миёни аҳли ҷомеа, бахусус молиячиёни кишвар низ ҳамовозии гарму ҷўшонро ба миён овард.

- Дар Сарраёсати молия ва Раёсатҳои молияи вилоят Комиссияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд, ки назорати амалӣ гардидани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пурра ба уҳда доранд. Чунин масъулиятро камина дар Сарраёсати молияи вилоят ба зима дорам ва бо боварӣ метавон гуфт, ки аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ Қонуни мазкур пурра риоя мегардад ва тўли ин муддат, ҳеҷ гуна қонуншикание дар баргузории тўю маъракаҳо аз ҷониби кормандони Сарраёсати молия, ба қайд гирифта нашудааст.

Фаъолияти Комиссия тибқи Нақша-чорабинӣ роҳандозӣ гашта, мувофиқи он аъзои Комиссия дар нишасту машваратҳои худ аввалтар аз ҳама риояи талаботи Қонуни мазкурро амалӣ карда, баъдан таваҷҷуҳи кормандонро ҷиҳати рўйи кор овардани банду рукнҳои Қонуни мазкур ҷалб месозанд. Кормандоне, ки тўю маърака доир менамоянд, аввалтар аз ҳама Комиссияро аз чорабинии оилавиашон огаҳ сохта, баъдан риояи талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба онҳо фаҳмонида мешавад ва натиҷаи кори Комиссия он аст, ки тўю маъракаҳое, ки кормандони мақомоти молияи вилоят то ин муддат баргузор кардаанд, бо хароҷоти кам, дар доираи вақти таъйиншуда ва бо шумораи дар Қонун пешбинишудаи даъватшудагон гузаронида мешавад ва ин анъанаи хайр оянда низ идома хоҳад ёфт.

Дигар аз уҳдадорие, ки дар назди Комиссияи ҷамъиятӣ меистад, ин дастгирӣ ва расонидани кумаки молиявӣ ба шахсони пиронсол ва муҳтоҷон мебошад.

Дар се моҳи соли ҷорӣ, аз ҳисоби музди меҳнати кормандони Сарраёсати молияи вилоят ба шаҳрванди шаҳри Хоруғ Наврўзгул Аловатшоева, ки ҳамчун шахси куҳансоли якка ба ҳисоб меравад, ба маблағи 400 сомонӣ кумаки молиявӣ ва 100 сомонӣ маводи озуқа расонида шуд. Қаблан, ба суратҳисоби дар бонкбудаи тарбиятгирандаи ятимхонаи ноҳияи Рўшон Шаҳноза Қурбонмамадова низ, аз ҳисоби музди меҳнати кормандони Сарраёсати молияи вилоят 1200 сомонӣ маблағ гузаронида шуд.

Сарраёсати молияи вилоят рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2008 №АП-467 ҷиҳати расонидани кўмакҳои моддӣ ба хона - интернатҳои вилоят, ятимон, бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои ниёзмандро аз мадди назар дур намегардонад. Ба атфоли ятиму бепарастор ва табақаҳои ниёзманд дасти мадад расониданро вазифаи инсонии худ медонем ва дар ин самт кўшиш мекунем, то ҳамеша мунису ғамхори муҳтоҷон бошем.

Дар воқеъ ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхору меҳрубони ятимону муҳтоҷонанд. Ҳамеша дасти навозиш бар сари ятимону бепарасторон мебаранд, масъулинро водор месозанд, то нигоҳубини ин қишри ҷомеаро аз мадди назар дур нагардонанд.

Маҳз чунин саховатмандиву хайрхоҳии Пешвои миллат аст, ки дар пешбурди кори давлатдорӣ ҳамеша муваффақу комёбанд. Дар навбати худ, ҳар яки моро низ лозим аст, то идомабахши  кори неки Сарвари давлат бошем.

 

Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2