Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
Самое читаемое
» Сафари нахустини ҳамкориҳои судманд
» Переговоры между Республикой Таджикистан и Объединённым ...
» Низоми идоракунии молияи давлатӣ дар даврони Исти ...
» Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳу ...
» Вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии То ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню Государственно ...
» ҚОНУНИ ТАНЗИМ САМАР МЕОРАД
» ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛӢ РЎЙДОДИ ТАҚ ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню профессиональн ...
» САҲМГУЗОРӢ ДАР ҒАНИГАРДОНИИ БУҶ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2017 (4)
Ноябрь 2017 (8)
Октябрь 2017 (11)
Сентябрь 2017 (10)
Август 2017 (4)
Июль 2017 (16)
 
Пресс-релизы : БАРАКАТИ ТАНЗИМ ДАР ХОНАДОН
 

- Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид. Ин муддат дар назди таърих ҳеҷ аст, вале дар ин муҳлат дар ҷараёни татбиқи Қонун сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тавонистанд, ба талаботи санади миллӣ такя намуда, аз маъракаҳои пурдабдабаву серхарҷ даст кашанд.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, мардум ба талаботи Қонун одат кард ва ин санади муҳим ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва созанда унвон гирифт. Албатта, таҳия ва қабули Қонун ҳамчун махзани боэътимоди санадгузории кишвар, ҳамчун намуна барои тарбияи насли баркамол, ҷомеаи мутамаддин, боварӣ ба ояндаи неку пурсаодати давлати соҳибистиқлоли кишвари азизамон маънидод мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони кишвар ба муносибати даҳсолагии қабули Қонуни номбурда таъкид карданд, ки ин санади таърихии миллати тоҷикро давлатҳои дигар омўхта, барои қабули қонунҳое, ки ба манфиати халқ аст, ҷидду ҷаҳд карда истодаанд.

Дар назди Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ва Раёсатҳои маҳаллӣ, бо мақсади амалӣ гардонидани Қонун комиссияҳои ҷамъиятӣ амал карда, дар баргузории тўю маърака ва маросимҳои кормандони мақомоти молия бевосита мусоидат менамоянд. Фаъолияти даҳсолаи комиссияҳо собит намуд, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳо тарзу усулҳои корбарӣ оид ба пурзўр кардани назорати баргузории тўю маъракаҳо, камхарҷу муъҷаз гузаронидани онҳо, корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.

         Хеле бамаврид аст, ки дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун, меъёрҳои нав дар хусуси баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти он пешниҳод гардида, онҳо вазифадор мешаванд, ки мақоми ваколатдорро доир ба баргузории тўйи домодию арўсӣ ва маросими азодорӣ хабардор ва тўю маъракаашонро дар доираи талаботи Қонун гузаронанд. Дар ҳақиқат, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, аъзои комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту идораҳо, кумитаи маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои истиқомативу роҳбарони кўчаҳо дар татбиқи Қонун мавқеи алоҳида доранд.                                                                           


Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2