Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Декабрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
Самое читаемое
» Сафари нахустини ҳамкориҳои судманд
» Переговоры между Республикой Таджикистан и Объединённым ...
» Низоми идоракунии молияи давлатӣ дар даврони Исти ...
» Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳу ...
» Вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии То ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню Государственно ...
» ҚОНУНИ ТАНЗИМ САМАР МЕОРАД
» ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛӢ РЎЙДОДИ ТАҚ ...
» Торжественное собрание, посвященное «Дню профессиональн ...
» САҲМГУЗОРӢ ДАР ҒАНИГАРДОНИИ БУҶ ...


 
Архив новостей
Декабрь 2017 (4)
Ноябрь 2017 (8)
Октябрь 2017 (11)
Сентябрь 2017 (10)
Август 2017 (4)
Июль 2017 (16)
 
Пресс-релизы : Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» қабул гардид.
 
Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» қабул гардид.

15 ноябри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардида, дар  он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом дар баромади худ қайд карданд, ки муқаррароти асосии буҷети давлатиро афзалиятҳо ва дастуру супоришҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатии ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳояшон бо аҳли ҷомеа тавсияҳои вакилони мардумӣ, пешниҳодҳои мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ  инчунин он вазифаҳое, ки тибқи стратегияҳои миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ташкил медиҳад.


 

Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» қабул гардид.

Дар соли 2018 ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои воридот ба маблағи зиёда аз 21,0 млрд. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби даромадҳои ҷории буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 16,2 млрд. сомонӣ, барномаи давлатии инвеститсионӣ ба маблағи 3,3 млрд. сомонӣ  ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 1,5 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар соли 2018 сиёсати хароҷоти Буҷети давлатӣ пеш аз ҳама бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини бехатарии давлат ва бехатарии озуқаворӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ва такмили сохторҳои мақомоти идораи давлатӣ ва дигар соҳаҳо равона карда мешавад.

Хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2018 ба маблағи 21,3 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2017 ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ зиёд буда, ба 31,9 фоизи ММД баробар мебошад. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 16,6 млрд. сомонӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ  3,3 млрд.сомонӣ ва маблағҳои махсус 1,5 млрд. сомонӣ равона карда мешавад.

Дар соли оянда низ ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шуда, бо дарназардошти хароҷоти хоҷагии манзилию коммуналӣ барои маблағгузории ин соҳаҳо 10,3 млрд. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Касри буҷети давлатӣ дар соли 2018 ба андозаи 0,5 фоизи ММД ё баробар ба маблағи 334,3 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он нисбат ба соли ҷорӣ 39,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Манбаҳои пӯшонидани касри буҷет мутобиқи моддаи 3 лоиҳаи қонун, аз ҳисоби даромад аз хусусигардонӣ ва иҷораи истифодаи моликияти давлатӣ, даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ, иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва  аз ҳисоби қарзҳо (грантҳо) аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ  муқаррар карда шудааст.

Инчунин, ба вакилони мардумӣ оиди ҷорӣ гардидани гуруҳбандии барномавӣ маълумот пешниҳод гардида, қайд карда шуд, ки  дар моддаи 7 лоиҳаи Қонун бори аввал хароҷоти як қатор соҳаҳо, аз қабили маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия аз рӯи гуруҳбандии барномавӣ муқаррар карда шудааст.

Таҳияи буҷет дар асоси барномавӣ яке аз усулҳои пешқадами ҷаҳонии таҳияи буҷет ба ҳисоб рафта, мавриди пурра ҷорӣ намудани низоми мазкур имконият пайдо мегардад, ки натиҷанокӣ ва самаранокии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо аз рӯи индикаторҳои муқарраргардида баҳогузорӣ карда шавад.

Тибқи “Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар се соли оянда ҷалби қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 847,13 млн.долл.ИМА ҷиҳати ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва шуғли пурсамари аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст. Барномаи мазкур 70 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 96 созишномаҳои қарзӣ дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад.

Маблағҳои қарзӣ аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва фондҳо барои давраи дарозмуддат аз 20 то 40 сол бо меъёри фоизи қарз аз 0,15 фоиз то 2,0 фоизи солона ҷалб карда мешаванд.

Қарздиҳандаҳои асосӣ дар се соли оянда Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Хазинаи Саудии Рушд ва Хазинаи Қувайтии Рушд ба ҳисоб мераванд.

Дар охир аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои додашудаи вакилони мардумӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳтарам Шукурҷон Зуҳуров посух ва шарҳи муфассал дода шуд.

Бо дарназардошти ин, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» қарори дахлдор қабул карда шуд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 4)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2