Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Ҷоиза ба Вазорати молияи Ҷумҳурии То& ...
» Встреча Первого заместителя Министра финансов Республик ...
» Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳу ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с пред ...
» Встреча Первого заместителя Министра финансов Республик ...
» Вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии То ...


 
Архив новостей
Ноябрь 2017 (2)
Октябрь 2017 (11)
Сентябрь 2017 (10)
Август 2017 (4)
Июль 2017 (16)
Июнь 2017 (3)
 
Пресс-релизы : Дар маҷлиси мушовараи Сарраёсати ВМКБ
 
Дар маҷлиси мушовараи Сарраёсати ВМКБ

  
         Дар ма
ҷлиси мушовараи Сарраёсати ВМКБ, ки бо иштироки кормандони Сарраёсати молия, сардорони мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва муовини аввали раиси вилоят Нуралӣ Ризоев баргузор гардид, саравал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Атрофи вориднамоии тағйироту иловаҳо ба Қонуни мазкур, муовини аввали раиси вилоят Н.Ризоев баромад намуда, қайд кард, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат намудан барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад.

Баъдан, раиси кумитаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Сарраёсати молия Мардон Шогунов оид ба натиҷаҳои пурсамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, амалӣ намудани ин Қонунро барои мардуми кишвар саривақтӣ ва бамаврид арзёбӣ намуд.

 Дар маҷлиси мушовара ҳамзамон, масъалаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии вилоят дар нуҳ моҳи соли равон низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба иҷроиши буҷети маҳаллии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2017, муовини сардори Сарраёсати молия Салмон Алишоев баромад намуда қайд кард, ки новобаста ба таъсироти манфии буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар, мақомоти молия дар якҷоягӣ бо нозироти андози вилоят тавонистанд нақшаи қисми даромади буҷети вилоятро ба андозаи 110,4 фоиз ба иҷро расонанд. Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа ва Ишкошим иҷроиши қисми даромади буҷетҳои маҳаллиро таъмин карда натавонистанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят маблаѓи 966,7 ҳазор сомонӣ камтар ворид гардидааст. Инчунин, дар бораи роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат, кам кардани бақияпулиҳои андозӣ ва мусоидати ҳаматарафа ба таъмини тайёрии муассисаҳои буҷетии вилоят дар фасли тирамоҳу зимистон, махсус таъкид карда шуд.

Ҳамзамон, сардорони раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо аз натиҷаҳои нуҳмоҳаи соли ҷорӣ ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта маълумот дода, дар навбати худ вазифадор карда шуданд, то дар баробари таъмину иҷрои саривақтии буҷет ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ гаштани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ кунанд.

Дар анҷоми мушовара ба сардорони Раёсатҳои молияи ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа ва Ишкошим барои таъмин намудани иҷроиши қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 3)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2