Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Ҷоиза ба Вазорати молияи Ҷумҳурии То& ...
» Встреча Первого заместителя Министра финансов Республик ...
» Аз ҷониби Парлумон Қонуни Ҷумҳу ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с пред ...
» Встреча Первого заместителя Министра финансов Республик ...
» Вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии То ...


 
Архив новостей
Ноябрь 2017 (2)
Октябрь 2017 (11)
Сентябрь 2017 (10)
Август 2017 (4)
Июль 2017 (16)
Июнь 2017 (3)
 
Пресс-релизы : Мақсади омӯзиш - маърифатнокии буҷетӣ
 
Мақсади омӯзиш - маърифатнокии буҷетӣ

Бо дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати буҷети Сарраёсати молия дар вилояти Суғд Шуҳрат Турсунов, дар конфронси байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди маърифатнокии буҷетӣ ва ҷаласаи Гуруҳи кории ширкати PEMPAL оид ба рушди маърифатнокии буҷетӣ ва шаффофияти буҷет, ки чанде пеш дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гашт, ширкат намуд.

Созмондиҳандагони конфронси мазкур Бонки Ҷаҳонӣ, Вазорати молияи Федератсияи Россия ва Институти рушди бозори молиявӣ буданд. Дар кори конфронс, намояндагони Вазорати молия, маориф ва илм, мақомоти маҳаллии молия ва маорифи субъектҳои Федератсияи Россия, Ҳукумати Федератсияи Россия, намояндагони вазоратҳои молияи давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ – аъзои гуруҳи корӣ оид ба шаффофияти буҷет ва маърифатнокии амалияҳои буҷетии PEMPAL, коршиносони ватанию байналмилалӣ ширкат доштанд.

Конфронсро директори Институти илмию тадқиқотии молиявии Вазорати молияи Федератсияи Россия В.С. Назаров ва роҳбари таҷрибаи глобалии идоракунии давлатӣ барои давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Адриан Фозард, ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Баъдан, ҷаласаи пленарӣ дар мавзӯи «Муҳиммияти рушди маърифатнокии буҷетӣ ва машғулиятҳои амалӣ» оғоз гардида, дар доираи он ба иштирокчиён муаррифии як қатор масъалаҳои марбут ба соҳаи буҷет аз ҷониби коршиносону мутахассисони варзидаи Россияву намояндаҳои Бонки Ҷаҳонӣ, ироа гардид.

Дар қисми аввали конфронс иштирокчиён бо низоми иттилоотии идоракунии буҷети Федератсияи Россия, шаффофияти иттилоот, ҷойгоҳи Россия дар амалияи байналхалқии шаффофияти буҷетҳои давлатӣ, ҳамчунин бо таҷрибаи хориҷӣ, омӯзиш, методология ва доираи маърифатнокии буҷетӣ шинос шуданд. Инчунин, ҷамъомадагон оид ба таҷрибаи Хорватия, аз ҷумла дар бораи афзоиши маърифатнокии буҷетӣ дар байни аҳолӣ, иштироки ҷомеа дар раванди буҷет дар сатҳи миллӣ ва дар сатҳи маҳаллӣ (шаҳрҳои Риека ва Пазин), ошноӣ пайдо карданд.

Дар қисми дуюми конфронс, дар мавзӯи «Равишҳо барои баланд бардоштани савияи маърифатнокии буҷетӣ барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна натиҷаҳои апробатсияи курси таҷрибавии «Маърифатнокии буҷетӣ», пешниҳод шуданд. Ҳозирин маърӯзаҳои пурмуҳтавои И.А. Соколов директори Институти тадқиқоти макроиқтисодии Академияи умумироссиягии савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россияро бо мароқ шуниданд.

Дар рӯзи дуввуми конфронс, ҷаласаи Гуруҳи кории иттиҳоди буҷетии ширкати PEMPAL дар мавзӯи маърифатнокии буҷетӣ ва шаффофияти буҷетӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои молияи давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ – аъзои Гуруҳи кории ширкати PEMPAL, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва аъзои дастаи захираҳои Бонки Ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа, дар қатори дигар аз намояндагони давлатҳои иштирокчиёни Гуруҳи корӣ, Шуҳрат Турсунов дар бораи шаффофияти буҷет, иштироки ҷомеа дар раванди буҷетӣ сухан карда, нуқтаи назари худро  оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маърифатнокӣ дар соҳаи буҷет пешниҳод намуд.

Умуман, конфронси байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди маърифатнокии буҷетӣ ва ҷаласаи Гуруҳи кории ширкати PEMPAL оид ба рушди маърифатнокии буҷетӣ ва шаффофияти буҷет дар сатҳи касбӣ баргузор гардида, ҷаласаҳо дар вазъияти дӯстонаю корӣ ба вуқуъ пайвастанд.

 Лозим ба ёдоварист, ки ширкати PEMPAL соли 2006 бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ ва як қатор донорҳо, бо мақсади таъмини истифодаи босамари захираҳои мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои аъзои PEMPAL аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ, тавассути истифодаи равишҳои нав дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ, таъсис дода шудааст. Ҳамчунин, дар заминаи ширкати PEMPAL се иттиҳод - иттиҳоди буҷет, хазинадорӣ ва аудити дохилӣ созмон ёфта, фаъолият мебаранд.

 

Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 2)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2