Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Ноябрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Конфронс бахшида ба ҳисоботи дуюми ТШСИ
» Расширенное заседание Коллегии в Министерстве финансов
» Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмо ...
» Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Ра ...


 
Архив новостей
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
Июнь 2018 (6)
Май 2018 (11)
 
Пресс-релизы : Анҷоми бомуваффақонаи курсҳои такмили ихтисос
 
Анҷоми бомуваффақонаи курсҳои такмили ихтисос

Мувофиқи нақша ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми сентябри соли равон таҳти №116, дар бораи нақша-чорабиниҳо оид ба гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва семинар -машваратҳо бо роҳбарон ва мутахассисони мақомоти молияи ҷумҳурӣ, дар Маркази такмили ихтисоси ДМИТ даври навбатии курс ва семинарҳо оғоз гардид. 

Тибқи нақша соли 2017 Марказ бояд 9 курс ва 9 семинар гузаронад, ки аз он чор семинар ва ду курси такмили ихтисоси мутахассисони масъули мақомоти молияи ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида шуд. 

Бо мақсади такмили дараҷаи тахассусии мутахассисони мақомоти молияи ҷумҳурӣ аз 12 то 21-уми сентябри соли равон, дар Маркази такмили ихтисос курсҳои омӯзишии «Банақшагирии даромадҳои давлатӣ» ва «Банақшагирии Буҷети давлатӣ» барои кормандони мақомоти молия баргузор гардид. Бояд гуфт, ки омӯзиш барои такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия самаровар буда, курсҳои номбурда бомуваффақона анҷом ёфтанд.

Дар ташкили курсҳо Олимхон Исмоилов, сардори Раёсати дурнамо ва таҳлили даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба сиёсати андоз ва банақшагирии даромадҳои давлатӣ ва тартиби таҳияи лоиҳаи қисми даромади Буҷети давлатӣ ибрози ақида намуд.

Дар машғулиятҳо шунавандагон аз сарраёсату раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Барои таълими шунавандагон мутахассисони пуртаҷрибаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони унвондори ДМИТ, аз ҷумла сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ З. Бойбобоева, сармутахассиси Сарраёсати буҷети давлатӣ Р. Мирзоева, сардори шуъбаи Раёсати хазинадории марказии Вазорати молия А. Шукуров ва устодони ДМИТ, А. Бегматов, Х. Ҷумабоев, П. Орзуев, М. Пирова, Т. Иброҳимов ҷалб шуданд. Машғулиятҳо бо истифода аз васоити таълимии ҳозиразамон дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.

21 сентябри соли ҷорӣ дар ҷамъбасти курсҳо  сардори Сарраёсати Буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайвалӣ Сафаров иштирок карда, андешаҳои худро оид ба моҳияти курсҳо баён намуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо омӯзиши фаврии низомҳои нав ва навгониҳо дар низоми банақшагирӣ ва иҷроиши буҷету низоми хазинадорӣ басо муҳим аст.

Бино ба иттилои С.Сафаров, ба наздикӣ намояндагии Маркази такмили ихтисоси ДМИТ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппаю Хоруғ ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Нуробод кушода шуда, курсҳои кӯтоҳмуддат тариқи онлайн сурат мегирад.

Дар фарҷоми машғулиятҳо шунавандагон соҳиби сертификат шуданд.

 

Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2