Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Октябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Таҷлили Рўзи забони давлатӣ дар Вазорати мо ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с пред ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с Пред ...
» Баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамо&# ...
» Презентация на тему: «Управление рисками в организациях ...
» Мақсади омӯзиш - маърифатнокии буҷет& ...
» Анҷоми бомуваффақонаи курсҳои такмили ...
» Дар маҷлиси мушовараи Сарраёсати ВМКБ


 
Архив новостей
Октябрь 2017 (6)
Сентябрь 2017 (10)
Август 2017 (4)
Июль 2017 (16)
Июнь 2017 (3)
Май 2017 (6)
 
Пресс-релизы : Баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ
 
Баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии Лоиҳаи дуюми  мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ

10 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии лоиҳаи дуюми Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯро Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, атрофи муҳиммият ва дурнамои Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ маълумоти мухтасар пешниҳоди ҳозирин гардонд.

Баъдан, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон директори лоиҳа Ҷамшед Каримзода перомуни масъалаи матраҳгашта  ҳисобот дод. Зимни суханронӣ Ҷ.Каримзода қайд кард, ки «Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии низоми молияи давлатӣ расман 25 майи соли 2016 оғоз гардида, маблағи умумии Лоиҳа 19,8 млн. долл. ИМА, аз ҷумла, аз ҳисоби қарзи Бонки Ҷаҳонӣ 5,3 млн. долл. ИМА, гранти Бонки Ҷаҳонӣ 4,5 млн. долл. ИМА ва гранти хазинаи трастии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир 9,8 млн. долл. амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҷ.Каримзода ёдовар шуд, ки «Дар соли 2009 бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои маблағгузорӣ дар самти идоракунии молияи давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои ҳамоҳангсозии идоракунии молияи давлатӣ таъсис ёфта, Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018 тасдиқ карда шудааст ва Стратегия барои таҳкиму устувории низоми молияи давлатӣ, сиёсати тақсими маблағҳо ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ равона карда шудааст».

Дар идомаи суханронӣ муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Каримзода афзуд: «Буҷети солона ва барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ дар ҳаҷми умумӣ ва дар сатҳи идоравӣ муттаҳид карда шуда, минбаъд дар давраҳои сесола амалӣ карда мешаванд. Хазинадорӣ ҳисоботи молиявиро аз рӯйи ҳамаи бахшҳои давлатии кишвар дар суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ муттаҳид мегардонад, ки он ҳамаи зерсохторҳо ва сатҳҳои мақомоти давлатиро дарбар мегирад».

Тавре Ҷ.Каримзода қайд кард, «Дар доираи бахши дуюми Лоиҳаи мукаммалгардонии низоми идоракунии молияи давлатӣ, як қатор чорабиниҳои муҳимми дигар, аз қабили такмил додани санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ, ташкили низоми  электронии  хариди давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии аудит, баргузорнамоии таҳлилҳои систематикӣ, беҳтару хубтар ба роҳ мондани заминаи қонунгузорӣ, коркарди  методологияи  банақшагирии  стратегӣ,  омӯзиши   раванди

ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, коркард ва ҷорӣ намудани хати рушди ҳукумати электронӣ ва таҳияи барномаи компютерӣ ҷиҳати гардиши электронии асноди байнисоҳавӣ ва таҳияи лоиҳаи нав оид ба расмиёти интихоби кормандон тариқи озмун, баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст».

Дар анҷоми суханронӣ Ҷ.Каримзода бо боварӣ изҳор дошт, ки «Татбиқи Лоиҳа бомуваффақона амалӣ гардида истодааст ва ҷиҳати ноил шудан ба мақсад, аз ҳамаи имкониятҳо пурсамар истифода хоҳем бурд».

 

Баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии Лоиҳаи дуюми  мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ

 

Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Алиев, Роҳбари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ (DFID) ҷаноби Питер Фердинанд Карди роҷеъ ба рафти татбиқи Лоиҳа аз нигоҳи шарикони рушд ва Ҳамоҳангсози Лоиҳа Рустам Бобоев оид ба қисматҳои алоҳидаи Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ суханронӣ карданд.

 

Баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии Лоиҳаи дуюми  мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ

Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони маҳаллии қисматҳои Лоиҳа ва дигар намояндаҳои созмонҳои байналмилаливу ватанӣ иштирок доштанд.


Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 2)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2