Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Октябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Таҷлили Рўзи забони давлатӣ дар Вазорати мо ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с пред ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с Пред ...
» Баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамо&# ...
» Презентация на тему: «Управление рисками в организациях ...
» Мақсади омӯзиш - маърифатнокии буҷет& ...
» Анҷоми бомуваффақонаи курсҳои такмили ...
» Дар маҷлиси мушовараи Сарраёсати ВМКБ


 
Архив новостей
Октябрь 2017 (6)
Сентябрь 2017 (10)
Август 2017 (4)
Июль 2017 (16)
Июнь 2017 (3)
Май 2017 (6)
 
Пресс-релизы : Таҷлили Рўзи забони давлатӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Таҷлили Рўзи забони давлатӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими забону фарҳанги миллӣ як унсури муҳимми давлатсозӣ ва яке аз хизматҳои арзандаю барҷастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар назди таърих ва мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки ҳамасола 5-уми октябрро ҳамчун  Рўзи забони  давлатӣ  ҷашн мегиранд.

Бахшида ба ин санаи муҳим дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана  баргузор гардид. Маҷлиси тантанавиро муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён кушода, меҳмонон ва ҳамаи кормандони Вазорати молияро бо ин санаи фархунда шодбош намуда, қайд намуданд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ  дар давлатдории навини мо мақоми забони давлатиро касб  намуд. 

Сипас, Сармуҳаррири маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ”-и назди Вазорати молия Момогул Шодиева сухан намуда, аҳаммияти забони давлатии тоҷикиро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун муқаддасоти миллӣ, пойдории давлат ва таҳкими ҳамбастагии мардуми шарифи Тоҷикистон арзёбӣ  намуда, қайд карда шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрўз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоистаро касб кардааст. Аз ин рў, ин санаи муборакро дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ гиромӣ ва муътабар медонем.

Ҳамзамон, дар ҷамъомад, номзади илми филология, дотсент, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён доир ба паҳлуҳои таърихию илмии асари арзишманди Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат» ибрози назар намуда, зикр кард, ки ин асар  дар заминаи ҷабҳаҳои таърихии забони тоҷикӣ бар асоси сарчашмаҳои маълуму дастрас, ахбору асноди дар муомилоти илмӣ машҳур ва андешаҳои дар миёни донишмандон роиҷ таҳия гардидааст. 


 

Таҷлили Рўзи забони давлатӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар ҷамъомад инчунин, олимон ва забоншиносони маъруфи кишвар, директори Институти забон ва адабиёти  ба номи Абуабдулло Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, доктори илмҳои филология, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва ислоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Қосимов, корманди Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров, Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Давлатзода Қудрат, Директори Парки инноватсионию технологии ДМИТ Фаридулло Убайдуллоев, шоира Шаҳрияи Аҳтамзод, муовини сардори Раёсати дурнамо ва таҳлили даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии Вазорати молия Ҷурабек Абдуназаров ва иҷрокунандаи вазифаи муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ Ҷавҳари Абдуғаффор суханронӣ намуда, забони давлатиро боарзиштарин рукни фарҳанги миллӣ ва нақши созандаи онро дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон, муҳим арзёбӣ   намуданд.


 

Таҷлили Рўзи забони давлатӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар анҷоми суханронӣ муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён изҳор дошт, ки “Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад ва истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад”.

 

Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 6)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2