Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Пресс-конференция в Министерстве финансов Республики Та ...
» Рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ, танзими ...
» Встреча Первого заместителя министра финансов Республик ...
» Иқдоми хайр: Майдончаҳои варзишӣ та&# ...
» Омадагӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш да ...
» Учебный семинар на тему «Политика стабилизации денежно- ...


 
Архив новостей
Август 2017 (3)
Июль 2017 (16)
Июнь 2017 (3)
Май 2017 (6)
Апрель 2017 (5)
Март 2017 (3)
 
Пресс-релизы : Рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ, танзими зиндагист
 
Рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ, танзими зиндагист

Имрӯзҳо дар сартосари кишвар 10-умин солгарди Қонун “Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро истиқбол мегиранд. Аксар бар ин назаранд, ки тӯли ин муддат Қонуни мазкур дар беҳбуд бахшидан ба рӯзгору зиндагии мардум мусоидат кардааст. Ҳамчунин, рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ, риояи қатъии талаботу меъёрҳои либоспӯшии расмӣ дар ташкилоту муассисоти далатӣ ва дур будан аз бегонапарастӣ, ки як рукни Қонуни мазкур аст, миёни мардум ҳамовозиро ба вуҷуд оварда, сокинони мамлакат дар навбати худ ҷиҳати боз ҳам комил гардонидани қонуни мазкур таклифу пешниҳодоти судманд ироа медоранд.

Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ атрофи амалӣ гаштани банду рукнҳои Қонуни мазкур, як қатор корҳои судманд амалӣ шудаанд.

Атрофи иҷрои иқдомоти шоистаи Пешвои миллат, дар мавриди талаботи риояи рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ ва танзими ҷашну маъракаҳо, дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбате доир намудем бо директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва ҳамзамон, Раиси Шӯрои занони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебуниссо Султонзода.

-           Чун Зан-Модар ва роҳбару шаҳрванди комилҳуқуқи ҷомеа мегуфтед, ки иқдоми шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати танзими ҷашну маъракаҳо ва рӯ овардан ба фарҳанги миллиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-            Воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин давру замоне, ки ҳама рӯ ба ҷаҳонишавӣ овардаанд, дифоъ аз фарҳанги миллиро вазифаи аввалиндараҷаи худ донистаанд. Дар воқеъ, бегонапарастӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги бегона метавонад миллатро ба кӯи нобудӣ барад. Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 10 сол муқаддам аз ҷониби Пешвои миллат ба тасвиб расида буд, фарогири тамоми масоили рӯзу рӯзгордории тоҷикон гардида, дар муътадил гардонидани ҳаёти ҳамарӯзаи сокинони кишвар мусоидат намуд. Мардум аз ҳар гуна зиёдаравию харҷи беҳуда дар мавриди баргузории ҷашну маъракаҳо худдорӣ карда, буҷети оилавиашонро ба танзим дароварданд, ки чунин кор албатта ба нафъи ҷомеа аст.

             Дигар масъалаи муҳимме, ки як банди ин Қонунро ташкил медиҳад, ин рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ аст. Тавре дар боло зикр кардем, рӯ овардан ба фарҳанги бегона ва тақлиди кӯр-кӯрона ба тарзи либоспӯшиву муоширати барои мардуми мо хоснабуда, метавонад боиси нобудии миллат гардад. Президенти мамлакат дар чандин баромаду суханрониҳои худ ба таъкид гуфта буданд ва мегӯянд, ки либоси миллии тоҷикӣ муаррифкунандаи миллати тоҷик аст, ки онро мебояд амалӣ кард. Моро лозим аст, то бо фарҳангу урфу одатҳои миллии худ вориди ҷаҳонишавӣ гардем. Бале, танҳо бо чунин риояи суннатҳои миллӣ моро чун миллати соҳибтамаддун аҳли ҷаҳон мешиносанд.

              Қонун “Дар бораи танзими ҷашну анъанаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қонуне мебошад, ки ҳаёти ҷамъиятӣ, алалхусус мақоми зан дар ҷомеаро инъикос карда, кишварамонро ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ва дунявӣ ба танзим даровардааст. Дар баробари ин, қонуни мазкур ҳатто ба тозагии муҳит низ таъсири худро расонидааст. Пештар кӯчаву хиёбонҳо дар чӣ ҳол буданду имруз бинед, ки чӣ гуна тозаву озодаанд.

             Аз таҷрибаву таърих хуб медонем, ки  аз байн бурдани расму оин, урфу одат ва забони ҳар халқу миллат сабаби аз байн рафтани миллату давлат мегардад. Вақте дар маҷмуъ фарҳанги миллат аз байн рафт, аллакай миллат худ аз худ аз байн меравад. Куртаву румолҳои зебое, ки занҳои мо ба бар мекунанд, ин аз модарону аҷдодони мо мерос мондааст, ки чун беҳтарин либосҳо дар минтақа шинохта мешаванд. Сайёҳзаноне, ки ба ватани мо барои сайру саёҳат меоянд, дар либоси модари тоҷик модаронеро тасаввур мекунанд, ки Имоми Аъзам, Рӯдакиву Хайёму Ҳофизу Саъдӣ ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба дунё оварданд ва бо ифтихору эҳтироми хосса либоси миллии тоҷикиро ба бар мекунанд, ки дар маҷмуъ ин як дастоварди азими миллат ва самараи Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мегардад.

-            Риояву назорати Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риоя аз фарҳанги миллӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна роҳандозӣ шудааст?

-          Бале, дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шумораи занону духтарон дар маҷмуъ 322 нафарро ташкил медиҳад, масъалаи ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо ва риояи тарзи либоспӯшии занону духтарони хизматчӣ, пайваста мавриди  назорат қарор дорад. Аз дастгоҳи марказии вазорат сар карда, то Сарраёсату раёсатҳои молияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, масъалаи мазкур аввалсухани ҳар машварату ҳамоишҳост. Аз кормандон ҳамеша таъкид мекунем, ки ба зиёдаравӣ ва хароҷоти беҳуда дар баргузории тӯю маросимҳо роҳ надиҳанд ва ҳамчунин аз занони хизматчӣ қотеъона талаб мекунем, то одоби риояи тарзи либоспӯшии миллиро риоя намоянд. Маҳз масъулиятшиносиву пешбурди фаъолонаи кор аст, ки вазорат пешрафтҳои назаррасеро дар ин ҷода  соҳиб шудааст.

            Дар Хазинаи сарватҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба ин масъала корҳои назаррасро амалӣ кардаем.  Роҷеъ ба натиҷаҳои корҳои анҷомдода дар мавриди баргузории тӯю маросимҳои кормандон ҳар семоҳа ба Вазорати молия  ҳисобот месупорем. Ҳама ҷашну маросимҳоро дар китоби махсусе қайд менамоем ва коргаронро таъкид мекунем, то тартиби муқарраргардидаро риоя намоянд.

             Ман ҳамчун Раиси Шӯрои занони Вазорати молия ин ҳама иқдомоти Пешвои миллатро ҷиҳати рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ ва танзими ҷашну анъанаҳо дар кишварро ҳамқадами замона ҳисоб карда, дар асоси ин гуфтаҳо ҳармоҳа дар вазорат рейдҳо доир мекунем. Рейду санҷишҳо дар асоси қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ амалӣ мегарданд. Рейдҳое, ки дар Вазорати молия мунтазам гузаронида мешаванд, натиҷаҳои хуб додаанд. Вақте мо рейдро мегузаронем, занону духтарон хулоса мекунанд, ки иҷроиши чунин кор ҳатмист. Як нуктаро тазаккур додан ба маврид аст, ки рейдҳои се-чор сол пеш гузаронидаамон, аз ҳозира дида фарқ доранд. Пештар сару либос қариб ки бегона буд, аммо имруз вақте вориди ҳуҷраҳои кории коргаронамон, бахусус занҳову духтарон мешавем, бо чашми сар мебинем, ки на танҳо тарзи либоспӯшӣ, балки рафтору гуфтори занони хизматчии давлатӣ ва тозагии муҳити кориашон низ дигар аст. Танзимро мебояд аз мизи корӣ оғоз кардМетавон хулоса кард, ки танзими ҷашну анъана ва риояи одоби тарзи либоспӯшии миллӣ миёни занони хизматчӣ дар Вазорати молия, як роҳи хуби худро пайдо кардааст. Бахусус, занҳои молиячӣ аз ин қонунҳо хуб бархурдоранд. Мо занҳои тоҷикро лозиму зарур аст, то дар хотир дошта бошем, ки  фарҳанги либоспӯшии мо дар гузашта меъёри муайяни худро соҳиб буд ва имрӯз низ бояд онро дошта бошад. Бинобар ин ҳам амалӣ гаштани чунин иқдоми неки Сарвари давлат аз мо занон сахт вобстагӣ дорад ва ба хотири сулҳу ваҳдат дар ин мулки биҳиштосоямон, мо метавонем ҷиҳати нигаҳдошту эҳёи фарҳанги миллӣ ва танзим дар ҷашну маъракаҳо  саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар маҷмуъ метавон бо боварӣ гуфт, ки ҳамаи қонунҳое, ки фаъолияти хизматчии давлатиро танзим мекунанд, дар Вазорати молия иҷро мегарданд.

-             Ба занони ҷумҳурӣ ҷиҳати амалӣ гаштани иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат чӣ таманнову гуфтанӣ доред?

-             Ҳамчун як зан, ҳамчун як модар ва роҳбар, дар партави иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат, ки баҳри танзиму низоми кишвар равона шудааст, аз занони кишвар даъват ба миён меорам, то либоси ба фарҳанги миллии тоҷик хос набударо набояд ба бар кунанд. Бидуни баргузории ҳар гуна машварату ҷаласаҳо, зани тоҷик бояд хуб дарк кунад, ки тақлидкориву зиёдаравӣ ва рӯ наовардан ба фарҳанги миллӣ, хилофи сиёсати созандаи имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурист.

            Ба занони молиячӣ ва тамоми бонувони тоҷик таманно дорам, то ҳамеша бо риояи фарҳанги тоҷикӣ чунин зебо бимонанд ва ҳамчу модар фарзандонеро ба тарбия расонанд, ки ватанпарвару дӯстдори меҳан ва пешбарандаи миллати тоҷик бошанд. Набояд фаромӯш кард, ки зан-модари тоҷик ба ҳама кори хуб қодир аст ва тамоми афроди баландпоя аз домони модар тарбия ёфтаанд. Бовар дорам, ки ҳар як зани молиячӣ аз чунин хусусиёти волои модарӣ бархӯрдор аст.


 

Рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ, танзими зиндагист

 

Идораи маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ”-и

назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 2)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2