Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/data/minfint/public_html/engine/modules/show.full.php on line 473 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/data/minfint/public_html/index.php on line 100 Омадагӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017–2018 » Министерство финансов Республики Таджикистан
 
Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Март 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое


 
Архив новостей
Сентябрь 2021 (2)
Август 2021 (3)
Июль 2021 (3)
Июнь 2021 (10)
Май 2021 (6)
Апрель 2021 (16)
 
- : Омадагӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017–2018
 
Омадагӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017–2018

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №177 Нақша - чорабиниҳо барои саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017–2018 қабул карда шуд.

Дар ин асос, бо мақсади ташкил ва суръатбахшии корҳо дар сохтори мақомоти молия, бо фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2017 №53, Комиссияи марказӣ оид ба таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 таҳти сарпарастии муовини вазири молия таъсис дода шудааст. Дар ин раванд, Ситоди доимоамалкунанда ташкил дода шуда, Нақша - чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таҳрезӣ карда шудааст, ки таҳти назорат ва иҷро қарор дорад.

Мувофиқи Нақша - чорабиниҳо барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 барои дастгоҳи марказӣ, сохторҳо ва мақомоти зертобеи Вазорати молия маблағҳои муайян равона карда шуда истодааст. Дар дастгоҳи марказии Вазорат таҷҳизотҳои гармидиҳӣ барои мавсими зимистон омода карда шуда, барои пардохти хароҷот аз истифодаи кору хизматрасонӣ маблағҳои муайян равона шудааст. Санадҳои муқоисавӣ бо ташкилотҳои таъминоти нерӯи барқ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва алоқа тартиб дода шудаанд.

Ҳамчунин, аз 22 майи соли 2017 фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №71, ба тавсиб расид, ки дар асоси он Сарраёсатҳои молияи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки маблағгузории саривақтии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро барои бо мақсади омодагӣ ба давраи зимистон дар семоҳаҳои дуюм ва сеюми соли ҷорӣ таъмин намуда, оид ба барқарорсозии дегхонаҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва барои насб намудани ҳисобкунакҳо барои истифодаи об дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба зимистонгузаронӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2017 барои пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ барои тамоми соҳаҳо дар маҷмуъ ба маблағи 12,2 млн. сомонӣ ва барои истифода  аз  хизматрасонии алоқа 21,4 равона гардидааст.

Барои рушди соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо дар шаш моҳи соли 2017  175,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла ВМКБ  1,9 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон  10,5 млн. сомонӣ, вилояти Суғд  32,6 млн. сомонӣ, шаҳри Душанбе  122,4 млн. сомонӣНТҶ  8,2 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Инчунин, аз њисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ барои хизматрасонии коммуналӣ ва алоқа ба ташкилоту муассисаҳо дар маҷмуъ  22,6 млн. сомонӣ пардохт карда шудааст.

Дар соли ҷорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» воридоти мазут (сӯзишворӣ)-и камсулфур барои эҳтиёҷоти истеҳсолии ҶСШК «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва бољи гумрукӣ озод карда шудааст.  Инчунин, воридоти ангишт ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеию ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардидаанд.

Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, дар Буҷети давлатӣ барои соли 2017 ҷиҳати пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ  90,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст,ки аз ин  60,0 млн. сомонӣ барои захираи хўрока ва сўзишворӣ равона карда мешавад.

Маҳсулоти захиракардашуда, пеш аз ҳама дар давраи тирамоҳу зимистон тавассути гузаронидани ярмаркаҳо бо нархи дастрас ба аҳолии кишвар пешниҳод карда мешавад.

Тибқи банди 6 Нақша-чорабиниҳо, то моҳи октябри соли 2017 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мақсади омодагии ҳамаҷониба барои зимистонгузаронӣ аз ҷумла, барои харидорӣ ва захира намудани ангишт вобаста ба талабот аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо маблағҳои зарурӣ пешбинӣ ва равона карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади назорати иҷрои корҳо дар ин самт, ҳамасола аз ҷониби намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар якҷоягӣ бо намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор, Гуруҳи корӣ таъсис дода дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бевосита ба рафти захира ва сифатнокии ангишт шинос мешаванд.

Солҳои охир дар соҳаҳои иҷтимоӣ бо мақсади дастрасии кумакпулӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳое, ки дар ҳақиқат ба дастгирии иҷтимоии давлат ниёз доранд, як қатор корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд.

Аз соли 2011 инҷониб бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат, муҳайё намудани шароити мусоид барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва  коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, механизми таҷрибавии таъйин ва пардохт намудани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ амалӣ шуда, дар айни замон механизми мазкур дар миқёси 40 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷорӣ гардидааст.

Дар буҷети соли 2017 барои татбиқи механизми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ 41,4 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ иҷроиши он 9,6 млн. сомонӣ буда, 71201 оилаи камбизоатро дар бар мегирад.

Дар баробари ин, бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти ҷубронпулӣ  ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷиҳати истифодаи қувваи барқ ва гази таббиӣ мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №379 «Дар бораи тақвияти кумакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази таббиӣ» аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 6,9 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки ба ҳисоби миёна 76618 оила ва шаҳрванди камбизоатро дар бар мегирад.

Бо мақсади пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои пиронсолон  ва кӯдакони маъюб, айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 30 адад Марказҳои будубоши рӯзона аз ҷумла, 24 марказ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, 4 марказ барои пиронсолон ва маъюбон ва 2 марказ барои дастгирии шахсоне, ки қурбонии савдои одамон ва зуроварӣ дар оила  шудаанд  фаъолият  менамоянд, ки ба ин мақсад дар ин давра аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ 2,5 млн. сомонӣ равона  гардида, ба зиёда аз 1600 нафар хизматрасонӣ карда шудааст.


Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе , не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2