Тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, таҳти рақами №9-ф ва Фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017, №34 (банди 2),ҷиҳати таъмини иҷрои Нақша-чорабиниҳо оид ба сохтмони майдони варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, Хазинаи сарватҳои давлатӣ, Нозироти давлатии иёргирӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳоти назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёду сохтмони чанде аз майдончаҳои варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳоти назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кори хайр саҳми худро гузоштааст. Сохтмони чунин майдони варзишӣ дар маҳаллаи 45, кӯчаи Борбад, назди биноҳои истиқоматии 48/27 ва 48/28-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки масоҳати 750 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ба анҷом расонида шуда, 28 июни соли ҷорӣ ба истифода дода шуд.
Дар рӯзи пешниҳоди Гуруҳи корӣ шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе М.М.Зувайдзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шаҳраки 42-и пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди биноҳои 55 ва 57-и ноҳияи Фирдавсӣ, сохтмони майдончаи варзиширо ба уҳда дошт, ки иҷрои саривақтии онро амалӣ намуда, омода аст, ки майдончаи мазкурро бо ҳамаи ҳуҷатҳои расмиаш ба Комиссияи ҳукуматӣ (ба муассисаҳои дахлдор) супорад.
Бояд қайд кард, ки Гуруҳи корӣ дар санаи 6 июли соли 2017 ва ҳайати Комиссияи корӣ дар санаи 15 июли соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода рафти омодагӣ ҷиҳати истифодадиҳии майдончаро мавриди дидан қарор дода, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои судманд ироа доштанд.
Дар хурраму сарсабз гардонидани атрофи майдончаи варзишӣ саҳми кормандони Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва бошандагони он мавзеъ назаррас аст. Деворҳои хонаҳои истиқоматӣ ва хобгоҳҳои №55, 57 рангубор карда шуда, гирду атроф ва партовгоҳҳо тозаю озода карда шуданд.
Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки 61, кӯчаи 50 солагии Тоҷикистон, назди биноҳои 3 ва 5 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сохтмони майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдаконаро барои сокинони маҳалла анҷом дод. Лозим ба ёдоварист, ки корҳои бунёду созандагиро ҶДММ “Ваҳдат ЛТД”, ки тибқи озмун баранда гашта буд, бар уҳда дошт ва сохтмони мазкурро дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ба анҷом расонида, пешниҳоди Комиссияи корӣ намуд. Дар рафти корҳои бунёдкорӣ, кормандони Нозироти иёргирӣ дар рӯзҳои истироҳат дар мавзеи ба онҳо вобастабуда шанбегӣ гузаронида, саҳми худро гузоштанд.
22 июли соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, муовини Вазири молия Ҷамшед Нурмаҳмадиён, Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Ҷамшед Табарзода, кормандони Нозироти давлатии иёргирӣ ва дигар намояндагони ниҳодҳои давлатӣ аз корҳои анҷомшудаи майдончаи варзишӣ дидан намуда, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди бунёду сохтмони майдончаҳои варзишӣ, ки иборат аз майдончаи бозии кӯдакона, истироҳатгоҳи падару модарон ва пиронсолон, майдончаи бозии волейболу футбол ва баскетбол барои наврасон мебошад, дар беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии мардум мусоидат хоҳад кард.
Раёсати котиботи
Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон