20 июли соли ҷорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ҷамъбасти мушовараи васеи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дуюми рўз презентатсия (ҳамоиш - муаррифӣ) дар мавзўи 10 соли фаъолияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки сардорони Сарраёсат ва Раёсатҳои молияҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода оғоз бахшида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба даҳумин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷалб намуда, дар навбати худ аз иштирокчиёни ҳамоиш даъват намуданд, ки суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омўзиш қарор диҳанд ва иҷрои қонуни мазкурро дар вазорат ва мақомоти зертобеи он таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Тавре, зикр карда шуд, қабули Қонуни мазкур имкон фароҳам овард, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар коҳиш ёфта, рўзгору зиндагии мардум ба худ маҷрои нав касб кунад. Дар давраи амалӣ гардидани қонуни мазкур сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 53,3 фоизи соли 2007 то ба 30,3 фоиз дар соли 2016 паст гардид.
Баъдан, Сармуҳаррири маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Момагул Шодиева маърўза намуда, аҳаммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро барои мардуми кишвар муҳим арзёбӣ намуда, риоя намудани онро омили муҳимми паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуд бахшидан ба зиндагии шоистаи мардум маънидод намуд. Воқеан ҳам, ҷиҳати таъмини нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ, Президенти мамлакат ҷиҳати ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ иқдоми муҳимме рўйи кор оварданд.
Ҳамзамон, дар ҷамъомад Парвиз Ғиёсов, мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Раёсати ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромад намуд.
Дар анҷом муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, ҷиҳати беҳбуд бахшидани қонунҳои амалкунандаи кишвар ва ҳаёти иҷтимоии ҷомеа дар партави суханрониҳои Пешвои миллат ба иштирокдорони ҷамъомад дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Раёсати котиботи
Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон