Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин, ки дар КВД “Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ” озмун эълон менамояд:
Директор -1 ҷой; маоши мансабӣ -7202 сомонӣ.
Ҷонишини директор оиди корҳои технологияи иттилоотӣ- 1 ҷой;
маоши мансабӣ -6430 сомонӣ.
Ҷонишини директор оиди рушд – 1ҷой; маоши мансабӣ -6430 сомонӣ.
Ҷонишини директор оиди корҳои молиявӣ -1 ҷой; маоши мансабӣ -6430 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ ба довталабон:
- таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ;
- донишу маҳорати касбӣ;
- малакаи хуби муошират аз ҷумла ҳимояи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо барномаҳои дахлдори компютер;
- малакаи хуби коргузорӣ бо забони давлатӣ, донистани забони русӣ, англисӣ
Талабот ба довталабон:
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда;
- аризаи шахсӣ ба унвони раиси коммиссияи озмун
- варақаи шахсӣ;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
- нусхаи шиноснома;
- маълумотномаи тиббӣ
- гувоҳнома;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;
- маълумотнома аз ҷойи зист
- сурат - 3 х 4 – 4 дона
- маълумотнома аз ШКД–и ноҳия
Ҳуҷҷатҳо то 10 марти соли 2017 қабул карда мешаванд, озмун 16 марти соли 2017 соати 0900 баргузор мегардад.
Нишонӣ: ш. Душанбе, хиёбони Ак. Раҷабовҳо, 3
Телефон барои маълумот 221 - 72 - 69
Раёсати котибот
Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон