25 майи соли 2016 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, презентатсия дар мавзуи: «Тартиби ҳисоби музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ва пардохти кӯмакпулӣ барои онҳо» намоиш дода шуд.
Чорабиниро Муовини сардори Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ Нуров Н. оғоз намуда, тартиби зиёдшавии музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, андозаи зиёдшавии ҳадди ақали музди меҳнат ва дигар масъалаҳои марбут ба музди меҳнат дар тӯли 25 соли истиқлолияти ҷумҳурӣ ҷойдошта маълумот дод.
Баъдан идомаи презентатсияро мутахассисони Раёсати мазкур Ҳомидов М. ва Муҳаммад Ҷ.Б. муаррифӣ намуданд. Дар презентатсия оиди моҳият ва масълаҳои асасии тартиби ҳисоб намудани музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ бо истифода аз Ҷадвали ягонаи тарифӣ, коэффитсиентҳои тарифӣ, маоши заминавӣ ва тавсияномаҳо маълумот дода шуд.
Дар охир кормандони Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ ба саволҳои иштирокчиёни ҷамъомад ба пуррагӣ посухҳои дақиқ ва асаснок гардониданд.
Дар презентатсия сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати молия ва мақомоти зертобеи он, инчунин кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони мақомоти зикргардида иштирок намуданд.
Раёсати котиботи
Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон