20 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Масъалаи хушунати оилавӣ ва зӯроварӣ нисбат ба зан" презентатсия баргузор гардид.
Презентатсияро муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ҷонмамадова ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиёни ҷамъомадро хайрамақдам гуфт.
Баъдан, Сармуҳаррири маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ"-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Момогул Шодиева мавзӯи презентатсияро пешниҳоди ҷамъомадагон карда сараввал чанд ролики намоиширо, ки дар баргирандаи мавзӯи хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба оила мебошад, манзури ҳозирин гардонд.
Дар маърӯзаи М.Шодиева омилҳои сар задани зӯроварию хушунат, намудҳои он ва роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила қайд гардид. Дар рафти презентатсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", ки соли 2013 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расида буд, баррасӣ гашта, иҷрову амалӣ гаштани он ҳамчун қарзи инсонии ҳар фарди ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, он нукта низ қайд гашт, ки таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат нисбат ба Зан – Модар аз иқдоми созандаву эҳтироми Пешвои миллат нисбат ба занони ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин, дар идомаи маърӯза чанд таклифу пешниҳодҳои судманд ҷиҳати пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, ки боис ба хонавайроншавии навҷавонон мегардад, ироа гардид.
Баъдан атрофи масъалаи пешниҳодгашта баҳсу муҳокима сурат гирифт ва аксари баромадкунандагон масъалаи матраҳгаштаро муҳим арзёбӣ карда, ҷиҳати боло бурдани нақши Зан - Модар дар ҷомеа пешниҳоду таклифҳои судманд ироа карданд.
Дар тақвияти гуфтаҳои М.Шодиева меҳмонони ҷамъомад, муовини сардори Раёсати таҳлилии масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Раҳматова, муовини сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Занони маълумоти олидор” Гулҷаҳон Бобосодиқова, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, равоншинос Маҳмадулло Давлатов, намояндаи САҲА Соҳибтоҷ Қурбонхонова, сарнозири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Раёсати нозироти ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Баҳодур Шоимов, муовини сармуҳаррири маҷаллаи "Фирӯза" Сафар Аюбзодаи Маҳзун, ва хабарнигори маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" Ҷамолиддин Сайфиддинов баромад намуда, ҳамзамон ба суолҳои ҳозирин посухҳо доданд.
Ҳамчунин, дар ҷамъомади мазкур намояндаи СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва хабарнигорони шабакаҳои телевизону АМИТ “Ховар” низ ширкат доштанд.
Раёсати котиботи
Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон