Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:
Раёсати корҳо:
Сармуҳосиб-сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳо-1 ҷой
Маоши мансабӣ 1206 сомонӣ 90 дирам, иловапулӣ барои
собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ ба довталабон:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ;
- зиёда аз 5 сол собиқаи корӣ дар ҳамин мансаб;
- донишу маҳорати касбӣ ва малакаи роҳбарӣ;
- малакаи хуби муошират аз ҷумла ҳимояи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо барномаҳои дахлдори муҳосибот ва компютер;
- малакаи хуби коргузорӣ бо забони давлатӣ, донистани забони русӣ, англисӣ пазируфта мешавад.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда;
- аризаи шахсӣ ба унвони раиси комиссияи озмун
- варақаи шахсӣ;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
- нусхаи шиноснома;
- маълумотномаи тиббӣ
- гувоҳнома;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;
- маълумотнома аз ҷойи зист
- сурат - 3 х 4 – 4 дона
Ҳуҷҷатҳо то 31 марти соли 2016 қабул карда мешаванд, озмун 04 апрели соли 2016 баргузор мегардад.
Нишонӣ: ш. Душанбе, хиёбони Ак. Раҷабовҳо, 3
Телефон барои маълумот 221-72-69
Раёсати котиботи
Вазорати молия