Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Сентябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» ҲХДТ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомал ...
» ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ...
» Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмо ...
» Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ша ...
» Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ша ...


 
Архив новостей
Сентябрь 2020 (5)
Июль 2020 (2)
Июнь 2020 (3)
Май 2020 (8)
Апрель 2020 (1)
Март 2020 (1)
 
Пресс-релизы : Паём мехвари пешбарандаи чомеа
 
Паём мехвари пешбарандаи чомеа

Дар хаёти чамъияти-сиёси, иктисоди-ичтимоии кишвар Паём хачун чароги фурузон, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи чомеа баромад намуда, амали шудани накшаю вазифахои гузошташудаи имрузу фардо ва пеш аз хама мутобик ба талаботи замон ва дар хамбастаги бо ин рохху усулхои навтаринро баёну тархези ва пешниход намудааст. Дар ин раванд Вазорати молияи Чумхурии Точикистон бо дарназардошти вазифахои мухиму масъулиятнок накша - чорабинихои аввалиндарачаи зиддибухрониро кабул намуда, чихати дар сатхи зарури нигохдори ва пешбурди сиёсати молия, бучету андоз ва таквиятбахшии рушди босуботи сохахои иктисоди-ичтимои кору фаъолияти хамарузаро ба рох монда амали менамояд.



Паёми Чаноби Оли, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар заминаи гояхои баландпояи пурмазмун асос ёфта, кисми чудонашавандаи сиёсати дохили ва хоричии кишвар ба хисоб рафта, чомеаро ба кору фаъолияти пурмахсулу самарабахш даъвату хидоят менамояд. Имруз тамоми чабхахои хаётан мухими чомеа дар зери таъсуроти беандоза чазобу рохнамоикунандаи Паём карор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар чараён ва ривочу равнак мебошад. Паём хуччати асосии Стратегии-тамоми чабхахои чомеъаро дарбар гирифта, вазифахо ва амалиётхои дар пешистодаро равону бо пурраги мурратабу матрах сохта, холати кунуни ва фардоро бо дарназардошти раванди амал ва ба вукуъ пайвастшаваии бухрони молиявии чахони ба ахолии кишвар ва чомеаи чахони расонид. Дар ин маврид махсус таъкид бояд кард, ки имруз чомеа дар мархилаи нихоят хасос ва мурракаби пешрафти сохахои иктисоди-ичтимои, муносибатхои истехсоли, пулю карзи, раванди истифодаи кувваи кори дар хоричи кишвар ва гайра карор дорад. Ва яке аз хусусиятхои хос ва фарккунандаи Паёми имсола дар он аст, ки дар вазъияти фавкулодаи ба амал омада чомеаро ба хисси масъулиятшиноси ва коршиноси даъват ва рохнамои менамояд. Дар Паём пеш аз хама рохху пахлухои асосии раванди таъсиррасонии манфии бухрони молиявии чахони ва баромадан аз он, кору фаъолият чихати истифодаи максаднок ва самараноки иктидорхои истехсолию захирахои мавчуда, сарфакори, камхарчии маблагу мавод, ташкилу омода ва ба кордарории корхонаю иктидорхои нави саноатию энергетики, кишоварзи, сохахои хизматрасони, дастгири ва рушди бо тамоми сохибкори, пешгири ва таваккуф кардан аз хама гуна исрофкори, харочотхои нодаркору зарур набуда, муайяну нишондода шудааст. Дар партави даъвату хидояти Паём вазорату кумитахо, идорахо, сохахои мухталифи иктисоди-ичтимои чумхури, сохибкорон ва тамоми фарди чумхури накшаву вазифахои навбати ва ояндаи худро мутобик ба хадафхои сиёсии дохили ва хоричии кишвар ба рох монда амали менамоянд. Вобаста ба ин яке аз масъалахои ахамияти мухими давлати дошта ин огозу суръатбахши ва таквиятии босубот ва пешбарандаи сохахои энергетика ва саноат, комплекси агросаноати ва пеш аз хама сохахои навбунёди иктисоди реалии кишвар ба хисоб меравад.
Хукумати Чумхурии Точикистон сиёсати иктисоди-ичтимои, молия ва муносибатхои пулию карзиро дар хаёт тадбик намуда, барои фарохам овардани фазои хуби сармоягузори ба сохахои иктисоди ва пеш аз хама сохахои саноат тадбиру чорахои мушаххасро амали менамояд. Дар робита ба ин мавзуъ чоиз ба кайд аст, ки имруз сармоягузори ба корхои геологи-чустучуи, иктишофи, омузишу баходихии сохахои коркарди сангхои киматбахо ва металлхои пурарзиш ру ба пешрави карор дорад.
Дар хамбастаги ба ин ёдрас шудан лозим аст, ки кариб дар тамоми кисматхои кишварамон захирахои бойи металлу маъдан, хамагуна нерую сарватхои табиии беназир махфуз мебошад. Тибки маълумотхо аз руи захираю имкониятхои мавчуда арзиши танхо «Конимасури Калон» ба даххо миллиард доллари ИМА баробар мебошад. Бо максади таквиятбахшии корхо дар ин самт ва чалби сармояи хоричи чораю тадбирхои мушаххас андешида шуда, амали мешаванд.
Дар ин раванд корхои ташкили ва созандаги дар сатхи зарури ва болорави карор дошта, мархилаи гуфтушуниду барраси ва баходихи огоз ёфта, бо суръати афзояндаги давом дорад. Дар вохури 21.04.2009-ум дар хузури муовини Вазири молияи Чумхурии Точикистон мухтарам Нуралиев Ч. К. бо гурухи кори дар хайати васеъи намояндагии Корпоратсияи байалмиллалии молияви хамаи пахлухои асосии муносибатхои истехсоли, иктисоди-техники, молияви, сармоягузори, карзи, тичорати, масъалахои ташкилию маркетинг, содироти, андозбанди, корхои кофтуковии геологи, иктишофи, баходихи, коркарду фуруш ва гайра тахлилу мухокима ва бо пешниходи хулосахои мувофикашудаи тарафайн чараён гирифта ба анчом пазируфт. Аз чониби рохбарият ва мутасадиёни Вазорати молияи Чумхурии Точикистон аз руи хамаи масъалахои рузмара накшаи истехсоли, иктисоди, сармоя, андоз, коркарду фуруш, масъалахои экологию инфрасохтор ва гайра чавобу посух дода шуд. Кайд карда шуд, ки масъалахои пешниходшудаи чойдошта тибки Кодексхои андоз ва гумруки Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрию хукуки ба рох монда амали мешавад.
Дар фароварди чамомад иштирокчиён бо каноатманди кайд намуданд, ки вохури бо якдигарфахми анчом ёфта, аз чониби дигар Корпоратсияи байналмиллалии молияви накшаи сохибкориро (бизнес план) бо нишон додани хачми корхои ичрошаванда дар давоми амали шудани лоиха, давра ба давра нишон додани хачми маблаггузори, хачми истехсолот, мухлатхои ичрошави, воридоти техника ва технология, ашё ва маводхои зарури, коркард, истехсоли махсулоти тайёр, пешниходи он ба бозори дохили ва хорич, даромаду фоида, хифзи мухити зисту риояи талаботхои экологи, истифодаи окилонаи захирахои табии ва гайра дар мадди аввал гузошта шуда, аз чониби тарафхо кабул карда шудаанд.




Сардори раёсати сиёсати бучет дар
сохахои иктисодиёти Вазорати
молияи Чумхурии Точикистон
Г. Бакоев

Котиботи
Вазорати молияи
Чумхурии Точикистон
 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 8)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2