Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/data/minfint/public_html/engine/modules/show.full.php on line 473 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/data/minfint/public_html/index.php on line 100 Армуғони наврӯзӣ ба мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кулоб » Министерство финансов Республики Таджикистан
 
Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Ноябрь 2022    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое


 
Архив новостей
Сентябрь 2021 (2)
Август 2021 (3)
Июль 2021 (3)
Июнь 2021 (10)
Май 2021 (6)
Апрель 2021 (16)
 
- : Армуғони наврӯзӣ ба мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кулоб
 
Армуғони наврӯзӣ ба мактаб – интернати ҷумҳуриявии  кӯдакони ятими шаҳри Кулоб

  Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб аз соли 1997 дар базаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Дар оғози фаъолият интернат тавонист 103 ятимбачаро ба таълим фаро гирад. Дар айни замон, дар парваришгоҳ 250 нафар тарбиятгиранда бо шароити хубу буду бош ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

  Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро бевосита ба кӯдакони ятими бепарастдор ва оилаҳои камбизоат мерасонад.

  Бахусус, ба истиќболи Наврӯзи хуҷастапай иќдоми Сарвари давлат – дастгирии ятимону бепарасторон ва хайру эҳсонкорӣ ба ниёзмандонро хеле хуб ба роҳ мондааст. 

  Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2008 №АП-467 Вазорати молияи кишвар сарпарастии ин мактаб-интернатро ба зиммаи худ гирифта, ҳамасола дар ҳамаи иду ҷашнҳои милливу мазҳабӣ, бо тамоми кӯмакҳои моддиву маишӣ ва ғизову пӯшока толибилмони ин даргоҳро таъмин мегардонад.

  Дар арафаи иди Наврӯз бо маќсади руҳбаланд намудани тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он Донишкадаи молия ва иќтисоди Тоҷикистон,  Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати суғуртавии «Тоҷиксармоягузор»,  Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб сару либос,  рахти  хоб, пойафзолу тӯҳфаҳои идона харидорӣ карданд. Бо чунин иќдоми хайр тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат дар назди меҳмонон, бахшида  ба  иди  Наврӯзи аҷам шеъру таронаҳо ќироат намуданд.

  Роҳбарияти мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб Хоҷаева Фирӯза, суханронӣ намуда, миннатдории хешро аз номи кӯдакони ятим ва бепарастороне, ки дар ин мактаб-интернат таҳсил гирифта истодаанд пеш аз ҳама ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд. «Мо барои кумакҳои хайриявие, ки ҳамасола ва доимо ба мактаб-интернати мо расонида мешаванд изҳори миннатдорӣ намуда, умедвори боз ҳам обод гардидани Тоҷикистони азизамон ҳастем. Имрӯз шиори тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб ин аст, ки доимо бо хониши хубу аъло таҳсил намуда, интизоми намунавии хешро нишон додан аст».

 

Армуғони наврӯзӣ ба мактаб – интернати ҷумҳуриявии  кӯдакони ятими шаҳри Кулоб

   Инчунин, барои толибилмони ин даргоҳ дастархони идонаи наврӯзӣ ороста шуда, ҳунармандон дар назди тарбиятгирандагони мактаб-интернат ҳунарнамоӣ намуда, хотири кӯдаконро шод гардониданд.

 


 Котиботи

 Вазорати молияи

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе , не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2