Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Сентябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» ҲХДТ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомал ...
» ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ...
» Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмо ...
» Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ша ...
» Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ша ...


 
Архив новостей
Сентябрь 2020 (5)
Июль 2020 (2)
Июнь 2020 (3)
Май 2020 (8)
Апрель 2020 (1)
Март 2020 (1)
 
Пресс-релизы : Варакаи матбуоти оид ба натичахои чамбасти фаъолияти молиявии Вазорати молия дар семохаи аввали соли 2009 ва чорабинихо оид ба пешгири намудани таъсири шиддати бухрони молиявии чахони
 
Варакаи матбуоти оид ба натичахои чамбасти фаъолияти молиявии Вазорати молия дар семохаи аввали соли 2009 ва чорабинихо оид ба пешгири намудани таъсири шиддати бухрони молиявии чахони

Иктисодиёти чумхури дар семохаи якуми соли чори бинобар сабаби бухрони молиявию иктисодии чахони кохиш ёфта, он пеш аз хама ба поён рафтани нархи молхои содироти ва фуруши онхо, кам гардидани интиколи асъор аз хисоби мухочирони мехнати, пастравии воридоти мол ва истехсоли он дар дохили кишвар ва хизматрасонихо таъсир расонид.
Дар ин давра паст шудани курби сомони нисбат ба доллари ИМА - 11 фоизро ташкил дод. Нишондихандахои гардиши савдои беруна дар се мохи соли чори нисбат ба хамин давраи соли гузошта 22,4 фоиз паст гардидаанд. Меъёри тавварум 1,2 фоизро ташкил дод.
Дар семохаи аввали соли чори ба Бучети давлати аз хамаи манбаъхои даромад 977,1 млн.сомони ворид гардида, ичроиши он ба андозаи 86,4 фоиз таъмин гардид.
Даромадхои чории Бучети давлати бошад дар ин давра ба андозаи – 84,7 фоиз таъмин гардида, ба он 846,2 млн.сомони ворид гардид, ки ин нисбат ба накша 153,4 млн. сомони кам мебошад.
Дар семохаи якум ичроиши накшаи бучети сугуртаи ичтимои ва нафака ба андозаи 92,6 фоиз таъмин гардида, нисбат ба накшаи пешбинишуда 10,8 млн.сомони кам ва нисбат ба хамин давраи соли гузашта 42,7 млн.сомони зиёд мебошад.
Аз хисоби бучети чумхурияви ба бучети сугуртаи ичтимои ва нафака 3,0 млн.сомони ё 100 фоиз маблагхои максаднок барои пардохти нафака чудо гардида, маблаггузори карда шуд.
Накшаи даромадхои бучети чумхурияви ба андозаи 74,8 фоиз таъмин гардида, ба бучет 493,0 млн.сомони ворид гардид, ки ин нисбати накша 166,4 млн.сомони кам мебошад.
Бояд кайд кард, ки дар давраи хисоботи накшаи воридоти баъзе намуди андозхо таъмин нагардида, аз хисоби ин манбахои даромад ба бучет зиёда аз 166,4 млн.сомони ворид нагардид.
Харочоти Бучети давлати дар семохаи якум мувофик ба ичроиши даромади он ба андозаи зиёда аз 80,0 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра пардохти музди мехнат, нафака, стипендия, чубронпули ва кумакпулихо, хизматрасонихои комунали дар мадди аввал маблаггузори карда шуда, пурра таъмин гардиданд. Инчунин маблаггузории иншоотхои афзалиятноки мухими давлати бо дарназардошти вокеияти захирахои молияви амали гардиданд.
Дар баробари ин ба сохахои ичтимои ва иктисоди аз хисоби маблагхои гранти ва карзии ташкилотхои байналмилали 81,0 млн. сомони ва аз хисоби маблагхои махсуси ташкилотхои бучети кариб 50,0 млн.сомони равона гардид.
Маблаги умумии карзхои берунаи чумхури ба 1 апрели соли 2009 нисбат ба ММД – 24,0 фоизро ташкил дод.
Дар холати имрузаи бухрони молиявию иктисоди таъмини даромаднокии бучет аз фаъолияти самараноки бахши реалии иктисодиёт вобаста мебошад.
Вазорати молияи Чумхурии Точикистон аллакай дар мохи декабри соли сипаригардида Накшаи чорабинихоро оид ба пешгирии бухрони молияви ва паст намудани шиддати он тасдик карда буд.
Дар аввали соли чори, бо дарназардошти таъгйир ёфтани вазъи иктисоди, ин чорабинихоро такмил дода, Барномаи сиёсати андоз ва бучетро чавобан ба таъсири бухрони молияви кабул кард ва онро ба ташкилотхои молиявии байналмиллали ва давлатхои донор барои чалб намудани захирахои молиявии бебозгашт барои дастгирии бучет пешниход намуд.
Дар айни хол Созишномаи молияви бо Бонки Чахони оид ба чудо намудани 20,0 млн.доллари америкои барои дастгирии бучет ба имзо расонида шуд. Чалб намудани маблагхои гранти дар хачми 40,0 млн. доллари амрикои аз хисоби Бонки Осиёии Рушд ва 12,0 млн.доллари америкои аз хисоби Иттиходи Аврупо мавриди гуфтушунид карор дорад.
Дар баробари ин дар доираи барномаи мазкур чорабинихои зерин мавриди амал карор дода шуда истодааст, аз чумла:
- чалби маблаггузори ва тадбики лоихахои инвестисионии амалкунанда ва чалб намудани захирахои иловагии молияви барои рушди сохаи иктисодиёт, дастгирии бучет ва системаи бонки (1,7 млрд. сомони);
- таъмин намудани маблаггузории хифзи ичтимии ахоли - сохахои маориф, тандурусти, хифзи ичтимои, фарханг, варзиш ва давом додани ислохоти музди мехнати кормандони ин сохахо (2,4 млрд. сомони);
- дастгирии сохаи кишоварзи (353 млн. сомони) аз чумла, чихати хариди захрхимикатхо ва мубориза бар зидди хашаротхои зараррасон, дастгирии богу токпарвари, чорабинихои зидди эпизоти, хариди тухми зироатхои кишоварзи, рушди сохаи замбури асал, чорводори ва мохипарвари (ба маблаги 23 млн.сомони);
- чудо намудани маблагхои иловаги барои дастгирии ситемаи бонки ба маблаги 180,0 млн.сомони чихати маблаггузории сохаи кишоварзи, аллакай транши 1 ва 2-юм ба маблаги 93,0 млн.сомони чудо гардид, (хамаги бо дарназардошти маблагхои барнагашта 256 млн. сомони);
- тамдид намудани мухлати карзхои чудогардидаи соли 2008 ба системаи бонки ва хочагихои пахтакор ба маблаги 77,0 млн.сомони, (63,0 млн.сомони баргардонида шуд);
- дастгири намудани сохибкории хурду миёна (40 млн.сомони), аз чумла, чудо намудани карзхои имтиёзнок таввасути Вазорати мехнат ва хифзи ичтимоии ахоли (ба маблаги 11,0 млн.сомони);
- чудо намудани грантхо барои занони сохибкор, ки ба сохибкории хурду миёна машгуланд ва тарбияи чавонони лаёкатманд (ба маблаги 1,3 млн.сомони).
- маблаггузории хариди захирахои моддии давлатии озукавори ва дигар маводхои зарури (ба маблаги 50 млн. сомони);
- пурра намудани сармояи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» (ба маблаги 15 млн. сомони);
- хиссагузори дар сармояи Фонди инвеститсионии «Точикистону Казокистон» (ба маблаги 17,4 млн.сомони);
- хиссагузори дар «Фонди зиддибухронии Евразия» (ба маблаги 4,0 млн.сомони);
- хиссагузори дар сармояи Бонки Рушди Евразия (ба маблаги 2,0 млн.сомони);
- таъсис додани «Фонди стабилизатсионии рушди иктисодиёт» барои дастгирии сохаи энергетика, таъмини бехатарии озукавори дар чумхури ва саривакт хизматрасони намудани карзхои беруни;
- аз нав дида баромадани имтиёзхои андози ва такмил додани сиёсати андозбанди ва андозситони;
- дастгирии давлатии сохахои реалии иктисодиёт, аз чумла: сохахои энергетика, кишоварзи, наклиёт ва бехатарии озукавори, (ба маблаги 2,1 млрд.сомони);
- баровардани векселхои хазинадори ва вомбаргхои давлати ба бозори молияви (ба маблаги 20,0 млн. сомони);
- баланд бардоштани маъсулияти ширкатхои сугуртави, фондхои нафака ва самаранокии фаъолияти онхо дар сармоягузории дохили.
Хамзамон маблаггузории вазорату идорахо ва бучетхои махалли аз хисоби харочотхое, ки имруз ахамияти аввалиндарача надоранд кам карда шуда, ин харочотхо ба мухлатхои оянда бо дарназардошти муътадил гардидани ваъзияти молияви гузаронида мешаванд.
Аз ин лихоз, Вазорати молия лоихаи Конунро оид ба ворид намудани тагийрот ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2009” омода намуда, ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар рузхои наздик пешниход менамояд.
Азнавтаксимкунии хамаи захирахои молиявии мавчуда, бо дарназардошти равона намудани онхо ба сохахои афзалиятноке, ки пеш аз хама ба паст намудани шиддатнокии таъсири бухрони молияви дар чумхури ва муътадилии иктисодиёт мусоидат мекунанд, амали мегардад.
Новобаста из ин Вазорати молия ва кормандони макомоти молия ичроиши Бучети давлатиро аз руи вокеъияти имрузаи иктисодиёт таъмин намуда, чихати паст намудани таъсири шиддати бухрони чахонии молияви дар иктисодиёти Точикистон чорахои таъхирнопазир меандешанд.
 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 13)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2