Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Октябрь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷ ...
» Конфронс бахшида ба ҳисоботи дуюми ТШСИ
» Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Дон ...
» Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто ...
» Идомаи сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомал ...
» Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ
» Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ...
» Подписание Грантового Соглашения по проекту «Управление ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с Пост ...


 
Архив новостей
Октябрь 2018 (8)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
Июль 2018 (6)
Июнь 2018 (6)
Май 2018 (11)
 
Пресс-релизы : Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015 тасдиқ гардид
 
Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015 тасдиқ гардид

    28 ноябри соли 2012 дар Ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум “Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015” тасдиқ гардид.

    Дар Ҷаласаи мазкур Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ. К. баромад карданд.

    Матни маъруза ба таваҷуҳи Шумо пешкаш мегардад.

 Мӯҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии давлат саъю кушишҳои зиёдеро ба харҷ дода, афзалиятҳои стратегии ҷумҳуриро дар амал татбиқ намуда истодааст. Бо назардошти имкониятҳои маҳдуди молиявии ҷумҳурӣ ва Буҷети давлатӣ барои маблағгузорӣ намудани соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ҳамасола Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.

   «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки азҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2014» таҳия шуда, барои баррасӣ ба Шумо пешниҳод гардидааст.

  Мақсади асосии Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015 ин пеш аз ҳама баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самтиҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба андӯхти назоратнашавандаи қарзҳои беруна буда, барои ҳадафҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, азҷумла раҳои намудани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. 

   Барномаи мазкур 41 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 29 Созишномаҳои қарзӣ дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар гирифта, арзиши умумии онҳо 1 576,14 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад, ки он дар буҷети давлатии миёнамӯҳлати  солҳои 2013-2015, ки аз ҷониби Шумо мӯҳтарам Вакилони Маҷлиси намояндагон ду ҳафта пеш қабул гардида буд, пурра ба инобат гирифта шудаанд.

  Дар давраи миёнамӯҳлат азхудкунии  маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 557,3 млн. долл. ИМА пешбинӣ гардидааст, ки ин 39,8 фоизи ҳаҷми умумии лоиҳаҳои  муштараки  инвеститсиониро ташкил медиҳад, аз ҷумла:

 

 то охири соли 2012 - 95,89 млн. долл. ИМА (1,3 % нисбати ММД);

дар соли 2013 – 187,87 млн. долл. ИМА (2,2 % нисбати ММД);

дар соли 2014 – 145,82 млн. долл. ИМА (1,5 % нисбати ММД);

дар соли 2015 – 127,70 млн. долл. ИМА (1,2 % нисбати ММД) 

дар назар дошта шудааст. Ҷалби маблағҳои қарзӣ дар асоси Стратегияи баланбардории некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва барномаҳои  миёнамӯҳлати  рушди  институтҳои молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Фонди Саъудии Рушд, Фонди Қувайтии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Содироту Воридотии Хитой ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ амалӣ мегарданд. 

Ба Барнома қарзҳои зерин дохил карда шудаанд:
  • Бонки Умумиҷаҳонӣ – 3 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 41,3 млн. долл. ИМА;
  • Бонки Осиёии Рушд – 4 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 76,0 млн. долл. ИМА;
  • Бонки Исломии Рушд – 8 созишномаи қарзии амалкунанда ва 14 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарордошта ба маблағи 289,3 млн. долл. ИМА;
  • Фонди Саъудии Рушд – 3 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 41,7 млн. долл. ИМА;
  • Фонди Қувайтии Рушд – 2 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 32,1 млн. долл. ИМА;
  • Фонди Абу-Дабӣ –1 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 15,0 млн. долл. ИМА;
  • Фонди Созмони Давлатҳои Содиркунандаи Нафт (ОПЕК) – 4 созишномаи қарзии амалкунанда ва 1 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарордошта ба маблағи 47,4 млн. долл. ИМА;
  • Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – 7 созишномаи қарзии амалкунанда ва 7 созишномаи қарзии мавриди баррасӣ қарордошта ба маблағи 117,9 млн. долл. ИМА;
  • Бонки Содироту Воридотии Хитой – 6 созишномаи қарзии амалкунанда ва 5 созишномаи қарзии мавриди баррасӣ қарордошта ба маблағи 830,7 млн. долл. ИМА;
  • Ҷумҳурии Фаронса – 1 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 24,6 млн. долл. ИМА;
  • Ҷумҳурии Федеративии Олмон – 1 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 22,2 млн. долл. ИМА;
  • Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ – 1 созишномаи қарзии амалкунанда ва 2 созишномаи қарзии мавриди баррасӣ қарордошта ба маблағи 37,9 млн. долл. ИМА. 

Барномаи қарзгирии беруна барои рушди соҳаҳои зерини иқтисодиёт равона карда мешавад:

  • Соҳаи кишоварзӣ 6 лоиҳаи амалкунанда ва 3 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 106,6  млн. доллари  ИМА ё 6,8 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда.
  • Соҳаи тандурустӣ 3 лоиҳаи амалкунанда ва 1 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми  36,7 млн. доллари ИМА ё 2,3 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда.
  • Соҳаи маориф 3 лоиҳаи амалкунанда дар ҳаҷми 43,4 млн. доллари ИМА ё 2,8 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда.
  • Соҳаи энергетика 9 лоиҳаи амалкунанда ва 8 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 403,3 млн. доллари ИМА ё 25,6 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда.
  • Соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 15 лоиҳаи амалкунанда ва 7 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми  861,56 млн. доллари ИМА ё 54,7 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда.
  • Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 5 лоиҳаи амалкунанда ва 9 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 79,6 млн. доллари ИМА ё 5,1 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда.

ва дигар соҳаҳои иқтисодёти кишвар 1 лоиҳаи қарзӣ барои қарздиҳии хурд дар ҳаҷми 45,0 млн. доллари ИМА ё  2,9 фоизи ҳаҷми умумии  қарзҳои  ҷалбшавандаро  ташкил медиҳад. 

Мавриди қайд аст, ки татбиқи 35 лоиҳаҳои амалкунанда барои беҳтар намудани соҳаҳои инфрасохторӣ (кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ) нигаронида шудаанд, ки дар оянда имконияти баргардонидани қарзҳо аз ҳисоби даромадҳои ин соҳаҳо амалӣ мегардад.

   Ҳамаи қарзҳои дар Барнома дарҷгардида имтиёзнок буда, барои давраи дарозмуддат аз 20 то 40 сол дода мешаванд, меъёри фоизҳо аз 0,15 фоиз то 2,0 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 3 то 20 солро дар бар мегиранд ва ҳамаи онҳо дорои зиёда аз 35% элементи грантӣ мебошанд.

  Барои маълумоти Шумо дар доираи ҷалби қарзҳои имтиёзнок инчунин ҷалб намудани  маблағҳои  грантӣ  барои  татбиқи  лоиҳаҳои  муштараки инвеститсионӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки мақсади  асоси  дар  сатҳи муътадил  нигоҳ доштани  нишондиҳандаҳои  макроиқтисодӣ  мебошад. Дар маҷмӯъ барои татбиқнамудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ҷалби маблағҳои грантӣ дар давраи миёнамӯҳлат 624,8 млн. долл. ИМА-ро, ки ин 54,0 фоизи ҳаҷми  умумии лоиҳаҳои  муштараки инвеститсиониро ташкил медиҳад, аз ҷумла:
 

Соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ дар ҳаҷми – 60,8 млн. долл. ИМА ё 9,7 фоизи ҳаҷми умумӣ;

  • Соҳаи тандурустӣ дар ҳаҷми – 6,3 млн. долл. ИМА ё 1,0 фоиз;
  • Соҳаи маориф дар ҳаҷми – 9,5 млн. долл. ИМА ё 1,5 фоиз;
  • Соҳаи энергетика ва саноат дар ҳаҷми – 196,1 млн. долл. ИМА ё 31,4 фоиз;
  • Соҳаи нақлиёт дар ҳаҷми – 206,5 млн. долл. ИМА ё 33,1 фоиз;
  • Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ҳаҷми – 109,4 млн. долл. ИМА ё 17,5 фоиз;
  • Соҳаи ҳокимият ва идоракунии давлатӣ дар ҳаҷми – 12,6 млн. долл. ИМА ё 2,0 фоиз;
  • Дигар соҳаҳои амалкунанда дар ҳаҷми 23,6 млн. долл. ИМА ё 3,8 фоизро ташкил медиҳад.

  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди самаранок ва мақсаднок истифода бурдани қарзҳои ҷалбшаванда барои боз ҳам вусъат бахшидани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиётчораҳои зарурӣ меандешад ва ин дар оянда ба ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва устувор нигоҳ доштани  иқтисодиёти давлат,  паст намуданисатҳи  камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоии некуаҳволии халқ мусоидат хоҳад кард.

  Ман боварии комил дорам, ки ҳангоми бомуваффақият татбиқ намудани лоиҳаҳои зикргардида бо дастгирии бевоситаи Шумо таъмини  рушди реалии  иқтисодиёт  баланд гашта, муътадилии вазъи макро иқтисодӣ беҳтар гардида, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи 2015 барои кишварамон мусоидат менамояд.
 

Мӯҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

 

   Дар охир барои ҳамкорӣ ва дастгирии доимиятон изҳори миннатдорӣ намуда, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015»-ро дастгирӣ намоед.

 

Ба диққататон ташакур. 


Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 10)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2