11 ноябри соли 2011 дар чаласаи навбатии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистонро "Дар бораи бучети давлати барои соли 2011" кабул карда шуд.
Дар чаласа Вазири молияи Чумхурии Точикистон мухтарам Начмиддинов С.М. дар бораи самтхои асосии сиёсати молияи давлати дар соли 2011 ва лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи бучети давлати барои соли 2011" муфасал маълумот дода, кайд намуд, ки самтхои асоси сиёсати молияи давлати дар соли оянда ба максади дар амал татбик намудании чорабинихои баъдибухронии Хукумати чумхури таъмин намудани рушди устувори нишондихандахои макроиктисоди, афзоиши Мачмуи махсулоти дохили, дар сатхи муайян нигох доштани меъёри тавварум ва суръат бахшидан ба рушди сохахои иктисодиёт равона мегарданд.
Дар ин замина дар соли оянда афзоиши вокии Мачмуи Махсулоти Дохили на камтар аз 6,5 фоиз, меъёри таваррум дар сатхи на зиёда аз 9 фоиз, хисоби миёнаи курби пули милли 4,8 сомони ва устувории дигар нишондихандахои макроиктисоди дар назар дошта шудааст.
Новобаста аз вазъи мураккаби имрузаи иктисодиёт пешниход гардидааст, ки хачми умумии даромади Бучети давлати дар соли 2011 нисбат ба бучети тасдикшудаи соли чори бо дарназардошти хамаи манбаъхои маблаггузори ба андозаи на кам аз 28 фоиз ё 1,7 миллиард сомони зиёд карда шуда, ба 8,3 миллиард сомони ё 27,5 фоизи Мачмуи Махсулоти Дохили баробар мегардад.
Аз чумла, даромади чории Бучети давлати - 6,2 миллиард сомони ё 20,4 фоизи Мачмуи махсулоти дохили бо афзоиши 1,4 миллиард сомони, маблагхои барномаи давлатии инвеститсиони бо дарназардошти карзхои давлати - 1,7 миллиард сомони (5,6 фоизи Мачмуи махсулоти дохили) бо афзоиши 252,0 млн.сомони, ва маблагхои махсуси муассисахои бучети - 430,0 млн.сомони (1,4 фоизи Мачмуи махсулоти дохили) бо афзоиши 146,0 млн.сомони, ба накша гирифта шудааст.
Хачми харочоти Бучети давлати бо дарназардошти касри бучет (301,0 млн.сомони) 8,6 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба бучети соли чори 26,7 фоиз ё ба маблаги 1,8 миллиард сомони, аз чумла, аз хисоби бучети чори ба маблаги 1,4 млн.сомони, лоихахои инвеститсиони - 252,0 млн.сомони ва маблагхои махсуси ташкилотхои бучети - 146,0 млн.сомони зиёд пешниход гардидааст.
Кайд кардан ба маврид аст, ки дар соли оянда сиёсати бучету андоз хусусияти баъдибухрониро нигох дошта, пеш аз хама барои таъмини ичрои вазифахои давлат оид ба ухдадорихои ичтимои, бехатарии озукавори, рушди сохахои энергетика, наклиёт, инфрасохтори чамъияти, кишоварзи ва амнияти давлат равона карда мешавад.
Аз ин лихоз, маблаггузории сохахои ичтимои бо дарназардошти харочотхои хочагии манзилию коммунали - 4,1 миллиард сомони ё кариб 50 фоизи хачми умумии бучетро ташкил медихад, ки ин нисбат ба бучети тасдикгардидаи соли чори 950,0 млн.сомони ё 30 фоиз зиёд мебошад.
Аз чумла, ба сохахои маориф - 1,4 миллиард сомони бо афзоиши 25 фоиз ё 271,0 млн.сомони, тандурусти - 593,0 млн.сомони бо афзоиши 46,8 фоиз ё 200,0 млн.сомони, хифзи ичтимои ва таъминоти нафака - 1,4 миллиард сомони бо афзоиши 30,5 фоиз ё 317,0 млн. сомони ва фарханг ва варзиш - 295,0 млн.сомони бо афзоиши 37,8 фоиз ё 80,8 млн.сомони равона карда мешавад.
Агар дар соли чори харочоти ин сохахо нисбати Мачмуи махсулоти дохили 12,4 фоизро ташкил карда бошад, дар соли оянда ин ракам ба 13,6 фоиз баробар мегардад, ки 1,2 фоиз зиёд аст.
Бояд кайд кард, ки яке аз самтхои асосии бучет ин зиёд намудани сармоягузории давлати барои рушди иктисодиёти реали мебошад. Аз ин лихоз, дар лоихаи бучет ба ин максад - 2,7 миллиард сомони пешбини гардидааст, ки ин нисбат ба соли чори 24,0 фоиз ё 520,0 млн.сомони зиёд мебошад.
Аз чумла, харочотхо барои комплекси сузишвори ва энергетики - 1220,0 млн.сомони бо афзоиши 240,0 млн.сомони, наклиёт ва коммуникатсия - 1,0 миллиард сомони бо афзоиши 64,0 фоиз ё ба маблаги 397 млн.сомони, рушди сохаи кишоварзи - 300,0 млн.сомони, барои таъмин намудани ахоли бо оби нушоки, васеъ намудани заминхои обёришавандаи кишоварзи ва баркарор намудани холати меллиоративи, муайян намудани масохат ва кадастраи замин ва хифзи мухити зист зиёда аз 220,0 млн. сомони бо афзоиши 25,0 фоиз пешбини гардидааст.
Дар соли оянда барои фаъолияти сиёсати берунии Чумхурии Точикистон ва таъмини бехатари ва мудофиаи кишвар, хиссаи Хукумати Чумхурии Точикистон дар лоихахои инвеститсиони, зиёд намудани захираи тиллоии давлат низ маблагхо бо афзоиш пешбини карда шудааст.
Барои пардохти фоизи карзхои беруни аз хисоби бучети давлати дар соли 2011 - 159,0 млн.сомони ва карзхои асоси - 191,0 млн.сомони равона карда мешавад. Барои пардохти карзхои дохили бошад 44,0 млн.сомони дар назар дошта шудааст.
Дар охир Вазири молия барои хамкории пурсамар ва муфид ба Вакилони Мачлиси намояндагон изхори миннатдори намуд.
Котиботи
Вазорати молияи
Чумхурии Точикистон