Бо дастуру супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон оид ба дастгирии оилахои бар асари офати табии зарардидаи шахри Кулоб ва нохияи вилояти Хатлон расонидани кумаку хайрияхо хамаруза аз чониби ашхоси саховатпешаи вазорату идорахо, шахру нохияхо умуман кулли сокинони чумхури идома ёфта истодааст. Дар пайравии ин амал Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, низ дар ин маъракаи умуми сахми худро гузошт.
Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" суратхисоби махсус "Фонди кумак барои бартараф намудани зарари окибати табии дар шахри Кулоб ва нохияхои вилояти Хатлон бо асъори милли ва хоричи" кушода шудааст.
Суратхисобхои мазкур тавассути телевизион, радио ва дигар воситахои ахбори омма ба маълумоти ташкилоту муассисахо ва шахрвандони чумхури расонида шуда истодааст.
Хамчунин маълумот оиди суратхисобхои махсус ба Вазорати корхои хоричи барои пахн кардан ба ташкилотхои байналмилали ва давлатхои донор фиристода шуд. Ба шахру нохияхои минтакаи Кулоб субвенсияи мохи майи соли чори пешаки пурра маблаггузори карда шудааст.
Мувофики дархостхои вазорату идорахои чумхури азнавтаксимкунии моддахои харчномаи Вазорату идорахо аз нав дида баромада шуда, барои рафъи окибатхои офатхои табии 1,6 млн. сомони равона гаридааст ва он дар оянда низ давом дода мешавад.
Вазорати молия мутобики протоколи Хукумати Чумхурии Точикистон макомотхои молияи вилоятхо ва шахру нохияхоро вазифадор намуд, ки маблагхои озоди ба 1.01.2010 ба вучуд омадаро барои бартараф намудани окибатхои офатхои табии равона намоянд.
Мувофики карори Комиссияи давлатии холатхои фавкулоддаи Хукумати Чумхурии Точикистон бо Фармоиши Вазорати молияи Чумхурии Точикистон 894,4 хазор сомони барои кумаки яквакта, барои оилахои аз офатхои табии зарардидаи шахру нохияхои минтакаи Кулоб чудо карда шуда ва ба суратхисоби БДАЧТ "Амонатбонк" пардохт карда шуд.
Вазорати молия Чумхурии Точикистон аз хисоби музди мехнати кормандони Вазорат 85,0 хазор сомони барои расонидани ёрии молияви ба зарардидагони окибатхои офатхои табии ба суратхисоби махсуси хазинадории «Амонатбонк» гузаронид. Инчунин аз хисоби сарфаи маблагхои Вазорат ва Сарраёсати молияи вилояти Хатлон сохтмони ду хонаи истикомати сохта ба истифода медихад.
Раёсати Котиботи
Вазорати молияи
Чумхурии Точикистон