27 майи соли 2010 дар Вазорати молияи Чумхурии Точикистон оиди чойгир намудани маблагхои аз фуруши сахмияхо ва сертификатхои сахмияхои НОБ-и Рогун ба дастомада ва чойгир намудани онхо дар депозитхои бонкхои чумхури озмун баргузор гардид.
Дар озмун аъзоёни Комиссия дар хайати кормандони масъули Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, ЧСК «НБО Рогун» ва Шурои чамъияти оид ба назорати харчи маблаги аз фуруши сахмияхои ЧСК «НБО Рогун» иштирок намуданд.
Ба озмун дархостхо аз чониби ЧСК «Агроинвестбонк», ЧСК «Точиксодиротбонк» ва ЧСК «Бонки Эсхата» ќабул карда шуданд.
Дар натичаи баррасии дархостхои пешниходгардидаи бонкхои номбаршуда муайян гардид, ки фоизи миёнавазни депозитхои дархостшуда ба андозаи 0,6 фоизи солона баробар мебошад.
Бо дарназардошти паст будани меъёри фоизи пешниходгардида, аз тарафи бонкхои номбурда, аз чониби аъзоёни Комиссияи озмун дархостхои бонкхои мазкур дастгири нашуд.
Котиботи
Вазорати молияи
Чумхурии Точикистон