Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Январь 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳури ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Заседание Совета Инициативы прозрачности в добывающих о ...
» Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар & ...
» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
» Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии ...
» Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ҳад ...
» Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Мак ...
» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ...


 
Архив новостей
Январь 2019 (3)
Декабрь 2018 (12)
Ноябрь 2018 (14)
Октябрь 2018 (11)
Сентябрь 2018 (21)
Август 2018 (8)
 
Пресс-релизы : Варақаи матбуотӣ
 
Оиди натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти молиявии
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳмоҳаи
соли 2009 ва чорабиниҳои зиддибӯҳронии
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Таҳлили нишондодҳои пешакии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар нӯҳмоҳи соли ҷорӣ нишон медиҳанд, ки новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва паст гардидани рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷумҳурӣ натиҷаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбӣ арзёбӣ гардидаанд.

Дар ин давра ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 14,4 млрд. сомонӣ баробар гардида, афзоиши реалии он 2,7 фоизро ташкил дод.

Меъёри таваррум 4,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз паст мебошад. Қурби пули миллӣ дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ дар сатҳи мӯътадил нигоҳдошта шудааст.

Ба Буҷети давлатӣ дар ин давра 2955,0 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 431,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла даромади он аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба андозаи 103,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет зиёда аз 1607 млн.сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 54,0 млн.сомонӣ ва ҳамин давраи соли гузашта 292,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Даромади буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99,0 млн. сомонӣ зиёд буда, иҷроиши он 100,7 фоизи нақша таъмин гардид.

Қисми даромади бучетҳои маҳаллӣ ба андозаи 103,0 фоиз иҷро гардида ба буҷет 1,1 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 233, млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Умуман дар ин давра ҳачми буҷети давлатӣ 3847,0 млн. сомониро ташкил дод ва ба он аз ҳисоби маблағҳои махсус 175,0 млн. сомонӣ, грантҳо 142,0 млн. сомонӣ, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ 204,0 млн. сомонӣ ва қарзи давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт 371,0 млн. сомонӣ ҷалб гардиданд.

Вале бояд қайд кард, ки новобаста аз андешидани чораҳои зарурӣ оиди паст намудани шиддатнокии бӯҳронӣ молиявию иқтисодӣ, таъсирӣ он ба фаъолияти иқтисодии берунӣ бо сабаби коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти воридотӣ ва содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ, кам гардидани интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар, паст гардидани ҳаҷми воридоти мол ҳоло ҳам назаррас мебошад.

Дар натиҷа гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1,0 млрд.доллари амрикоӣ кам гардид (2,5 млрд. доллар). Бақияи манфии савдои хориҷӣ 1,1 млрд. доллари амрикоиро ташкил намуда, ба 46,7 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ баробар гардид.

Аз ҷумла дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол ба 658,6 млн.доллари амрикоӣ, баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 40 фоиз ё ин ки ба маблағи 440,4 млн.доллари амрикоӣ ва воридот ба андозаи 22,5 фоиз ё ба маблағи 526,1 млн.доллари амрикоӣ кам гардидааст.

Омилҳои мазкур ба иҷроиши буҷет таъсири бевосита расонида даромади он танҳо аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 86 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 169,5 млн.сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140 млн.сомонӣ кам мебошад. Дар натиҷа иҷроиши буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 136 млн.сомонӣ ё 10,2 фоиз таъмин карда нашуд.

Мутаасифона новобаста аз андешидани чораҳои зарурӣ тамоюли зиёдшавии бақияпулиҳои андоз идома дорад. а ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ ҳаҷми онҳо ба 722,0 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба 1 январи соли 2009 ба маблағи 211,0 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши даромади буҷетро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Варзоб таъмин карда натавонистанд.

Сиёсати хароҷоти буҷети давлатӣ дар нӯҳмоҳи соли ҷорӣ пеш аз ҳама барои таъмин намудани чорабиниҳои зиддибӯҳронии Хукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла таъмини маблағғузории соҳаҳои иҷтимоӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия равона карда шуд.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ мувофиқ ба иҷроиши даромади буҷет ва маблағҳои махсус, инчунин ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва қарзи давлатӣ, маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт дар ҳаҷми 3,8 млрд. сомонӣ таъмин гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 337,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Касри буҷети ҷории ҷумҳуриявӣ 0,5 фоизӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, ба 74,0 млн.сомонӣ баробар гардид.

Дар ин давра ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 90,0 фоиз, аз он ҷумла маориф – 89,1 фоиз, тандурустӣ – 90,0 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ – 95,0 фоиз, фарҳанг ва варзиш – 85,6 фоизи нақша маблағҳо равона карда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар нӯҳ моҳи сипаригардида барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти ҷумҳурӣ 53,3 млн. сомонӣ ва ҷиҳати бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ рух додаанд, аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14,0 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Ғайр аз ин аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳуриявӣ, ҷиҳати дастгирии низоми бонкӣ ва соҳаи кишоварзӣ 176,0 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ, ҷамъ ба маблаги 184,0 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин 20 фоизи хароҷоти ҳақиқии гузаронидаи мақомотҳои иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро дар нӯҳмоҳи соли ҷорӣ ташкил медиҳад.
Танҳо аз ҳисоби маблағгузориҳои муттамаркази буҷети ҷории давлатӣ маблағгузории зиёда аз 550 иншоотҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ давом дорад, ки аз онҳо 50 иншоотҳо дар ВМКБ мебошанд. Хароҷоти сохтмони асосии буҷети ҷумҳуриявӣ 702,0 млн. сомониро ташкил дода маблағгузории он дар ҳаҷми 576,0 млн. сомонӣ таъмин гаштааст. Маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои муҳими давлатӣ бошад аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда таъмин карда шуда истодааст. Аз ҷумла, барои сохтмони иншооти Нерӯгоҳҳои Барқии Обии «Роғӯн» - 423,0 млн. сомонӣ ё ин, ки 94 фоиз ва танҳо дар моҳи сентябр барои иншооти мазкур 84,0 млн. сомонӣ равона карда шудааст, «Сангтӯда–2» – 20,0 млн. сомонӣ, ё ин ки 97 фоизи ӯҳдадории солонаи буҷетӣ, ҳамчун пешпардохт соли гузашта, таъмин карда шудааст.

Дар баробари ин аз ҳисоби маблағггузории инвеститсияи давлатӣ дар ҷумҳурӣ 62 лоиҳаҳои муштараки дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ амалӣ шуда истодаанд, ки бо дарназардошти қарзи давлатӣ ҳаҷми он – 627,0 млн. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла аз ҳисоби қарз – 457,0 млн. сомонӣ, грант – 136,0 млн. сомонӣ ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 34,0 млн. сомонӣ азхуд карда шудааст.

Инчунин дар нӯҳмоҳаи соли 2009 аз тарафи Вазорати молия 15 созишнома оиди татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 262,0 млн. доллари амрикои ба имзо расонида шудааст, ки аз он аллакай барои дастгирии буҷет - 64,0 млн.доллар ҷалб гардид.

Маблағҳои умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ ба 1 октябри соли 2009 - 1524,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ – 32,6 фоизро ташкил медиҳад.

Хизматрасонӣ ва пардохти қарзҳои берунаи Тоҷикистон дар ин давра 132,5 млн.сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 61,2 млн.сомонӣ барои пардохти қарзҳои асосӣ ва 71,2 млн.сомонӣ барои пардохти фоизи қарзҳо равона гардидааст.

Дар доираи Барномаи зиддибӯҳронии Хукумати Чумҳури дар соли ҷорӣ Фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт таъсис дода шуда, то имрӯз ба он 13,0 млн. сомонӣ аз ҳисоби иҷроиши барзиёди буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ворид гардидааст.

Кайд кардан зарур аст, ки дар нимсолаи дуюм Вазорати молия лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2010 таҳия намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Лоиҳаи мазкур дар моҳи сентябр аз ҷониби ҳукумат маъқул дониста шуда ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Сиёсати буҷету андоз дар соли оянда низ хусусияти зиддибӯҳронӣ дошта, пеш аз ҳама барои таъмини иҷрои вазифаҳои давлат оид ба ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ, бехатарии озуқаворӣ, рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, инфрасохтори ҷамъиятӣ, кишоварзӣ ва бехатарии давлат равона карда мешавад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2