Санаи 27 апрели соли 2021 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо муовини Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд, ҷаноби Исенов Амангилди Саганбекович ва Директори Бонки Авруосиёии Рушд дар Тоҷикистон, ҷаноби Никулин Николай Николаевич доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаи ташкил намудани низоми тақсимоти мол байни давлатҳои аъзои Бонки Авруосиёии Рушд ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои дар соҳаҳои афзалиятдоштаи иқтисодиёти кишвар, ки натанҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон балки ба давлатҳои аъзои Бонк судманд мебошад, мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои афзалиятдошта изҳор намуданд.