10 марти соли 2021 ҷиҳати иҷрои Нақшаи корӣ дар бораи Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатӣ дар Вазорати молияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.
Дар робита ба ин, ҷаласа бо иштироки муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сафарзода Рукмина Сафар, намояндагон аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат - Кенҷазода Мирзо, сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат - Шарипова Мавзуна Ғоибназаровна ва мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Додихудоев Раҷабалӣ Муҳаммадиевич дар бинои маҷлисгоҳ доир карда шуд.
Ҷаласаро муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатӣ муҳтарам Сафарзода Р.С., оғоз намуда, қайд намуданд, ки мо кормандон ҳамчун пайравони Пешвои миллат, бояд дар ҳама ҳолатҳои кориву берун аз кор бо рафтори намунавӣ, дорои масъулияту маърифати баланд бошем ва масоили сиёсию иҷтимоиро дуруст дарк намоем.
Ҳамзамон таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешавад, бояд ба Кодекси мазкур шинос шуда, вазифадор аст, ки талаботҳои онро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ риоя намояд.
Дар рафти ҷаласа оид ба риоя ва иҷрои қоидаҳои рафтори хизматчии давлатӣ, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, суханронӣ карда шуд.
Дар робита бо ин намояндагони масъули мақомотҳои болозикр дар доираи Кодекси одоб баромадҳо дар шакли маъруза ва презентатсия доир намуда, вобаста ба масъалаи дахлдор дар доираи одобу рафтори хизматчии давлатӣ ва инчунин кормандони Вазорат муҳокимарониҳо анҷом дода шудаанд.