Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/data/minfint/public_html/engine/modules/show.full.php on line 473 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/data/minfint/public_html/index.php on line 100 Баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ, дастгирӣ ва лоиҳавӣ » Министерство финансов Республики Таджикистан
 
Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июнь 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое


 
Архив новостей
Сентябрь 2021 (2)
Август 2021 (3)
Июль 2021 (3)
Июнь 2021 (10)
Май 2021 (6)
Апрель 2021 (16)
 
- : Баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ, дастгирӣ ва лоиҳавӣ
 
Баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ, дастгирӣ ва лоиҳавӣ

2 марти соли 2021 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Корхонаи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” ба имзо расонида шуд.

Созишномаи қарзиро аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Созишномаи дастгириро Раиси шаҳри Кӯлоб – Вализода Абдуқодир Юсуф ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Созишномаи лоиҳавиро Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – Табарзода Ҷамшед Афзал, Директори Корхонаи давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” – Шарипов Миралӣ ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Мақсади асосии лоиҳа ин сохтмон, барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 15,0 млн евроро ташкил дода, аз он маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегардад.

Инчунин, барои омода намудани лоиҳаи мазкур ҷудо гардидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,35 млн евро пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи лоиҳа аз аввали соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.


 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе , не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2