Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Март 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Маълумотнома
» Эълон
» Маълумотнома
» Маълумотнома
» Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон б ...


 
Архив новостей
Февраль 2021 (6)
Январь 2021 (2)
Декабрь 2020 (11)
Ноябрь 2020 (10)
Октябрь 2020 (3)
Сентябрь 2020 (11)
 
Пресс-релизы : Маълумотнома
 

 

Маълумотнома

               4 феврали соли 2021 дар Вазорати молия вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккави Хогали баргузор гардид.

Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон фаъолияти худро доир ба масъалаи иҷрои уҳдадориҳо мутобиқи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак аз соли 1993 дар Тоҷикистон оғоз намуда, бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамояд.

Барномаи кишварии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 бо самтҳо, стратегияҳо ва ташаббусҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқат намуда, Барномаи кишвар барои пешравӣ дар самти татбиқи ҳуқуқи ҳамаи кӯдакон равона карда шудааст.

Дар оғози вохӯрӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ҷаноби Осама Маккави Хогалиро барои таъин шудан ба ҳайси Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки соли 2020 барои тамоми ҷомеаи ҷаҳон бинобар таъсири паёмадҳои манфии пандемияи COVID-19 соли вазнин ва хотирмон боқӣ монд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи буҳрони кунунӣ, бахусус таъсири паёмадҳои манфии пандемияи COVID-19 нигоҳ накарда, уҳдадориҳои иҷтимоии худро дар назди маъюбон, бепарасторон ва ятимон ба пуррагӣ иҷро намуд.

Инчунин, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 январи соли ҷорӣ ироа гардид, барои беҳтар намудани шароити        иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2021 нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, маҳаллаҳо муассисаҳои таълимӣ ва майдончаҳои нави варзиши барои насли наврасу ҷавон сохта ба истифода дода шуда, баҳри таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони беш аз 18300 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар раванди вохӯрӣ қайд гардид, ки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонону наврасон ташкил намуда, барои рушди дурахшони миллату давлат, донишу малакаи насли наврасу ҷавонро бояд густариш диҳем.


 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 27)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2