Ташкилоти ибтидоии "Молия"-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ аз иқдомҳои пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе доир ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе имрӯз маъракаи ниҳолшинониро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амалӣ намуд.
Дар маъракаи мазкур беш аз 400 ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд, ки дар он аъзоёни ташкилот ва кормандони Вазорат фаъолона иштирок доштанд.
Бояд зикр кард, ки амалӣ намудани чунин маъракаҳо аз ҷониби ташкилот бори аввал набуда, тибқи нақшаи корӣ боз дар якчанд гӯшаю канори шаҳр шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар назар дошта шудааст.