Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Март 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Маълумотнома
» Эълон
» Маълумотнома
» Маълумотнома
» Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон б ...


 
Архив новостей
Февраль 2021 (6)
Январь 2021 (2)
Декабрь 2020 (11)
Ноябрь 2020 (10)
Октябрь 2020 (3)
Сентябрь 2020 (11)
 
Пресс-релизы : МАҶЛИСИ СОЛОНАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МОЛИЯ”
 
МАҶЛИСИ СОЛОНАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ   “МОЛИЯ”

Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи Ташкилоти ибтидоии “Молия”-и Вазорати молия бо иштироки Вазири молия-Раиси ташкилоти ибтидоии “Молия” муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, инчунин муовинони вазири молия Сафарзода Рукмина Сафар ва Маҷидӣ Юсуф Хайрулло доир гардид.

Дар маҷлиси солонаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии “Молия” масъалаҳои ҳисоботи солонаи ташкилот дар соли 2020, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2021 ва дигар масъалаҳои ҷории ташкилот баррасӣ гардиданд.

Саравал раиси ташкилоти ибтидоии “Молия” муҳтарам Қаҳҳорзода Ф. ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки соли сипаришуда, ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ташкилоти ҳизбиамон марҳилаи пешравию дастовардҳо, таҳкими интизоми ҳизбӣ, баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ  ва фаъолияти пурсамар буд.

Инчунин қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни аъзои худ ва мардуми шарифи кишварамон нақшу ҷойгоҳи хосро касб намуда, аҳолии мамлакат ба Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи он эътимоди хоса доранд.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки натиҷаи боварии халқи бонангу номуси кишварамон аст, ки дар соли 2020-ум бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 90,92 фоизи овозҳо (раъйҳо) интихоб гардид.

Сипас, муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ гардида, тибқи масъалаи якуми рӯзнома оид ба ҳисоби ташкилоти ибтидоии “Молия” гузориши муовини раиси ташкилот Ашуриён Азиз шунида шуд.

Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Молия” фаъолияти худро дар асоси Оиннома, ҳадафу мақсадҳо ва Нақшаи кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои амалигардонии вазифаҳои ба зиммааш вогузоргардида, чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.

Шумораи аъзои Ташкилоти ибтидоии “Молия” дар аввали соли ҳисоботӣ 124 нафарро ташкил дода, дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботӣ ин нишондиҳанда ба 150 нафар расонида шуд (яъне 26 нафар зиёд).

Сипас, Гулаҳмадзода Зулфиқор - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҷеъ ба фаъолияти кории натиҷабахши ташкилоти ибтидоии “Молия”, дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсии 30-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

 

МАҶЛИСИ СОЛОНАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ   “МОЛИЯ”
         

Дар анҷоми маҷлис аз ҷониби раиси ташкилот муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Гулаҳмадзода Зулфиқор раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ба як қатор аъзои ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як қатор фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

 

       

          Раёсати котиботи

          Вазорати молияи

         Ҷумҳурии Тоҷикистон


 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 23)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2