26 декабри соли 2020 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо” ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкурро аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз тарафи Бонки Осиёии Рушд Анвар Маҳмудов - Намояндаи ваколатдори Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Мақсади асосии лоиҳа ин ба стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани ҳолати қитъаи роҳи байналхалқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва беҳтар намудани робитаҳои байналхалқӣ дар ҳудуди лоиҳа, инчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ бо роҳи таъмини ҷойҳои нави корӣ дар давраи татбиқи лоиҳа мебошад.
Лоиҳаи мазкур баҳри қонеъ намудани талаботи муҳими минтақа оид ба беҳтаргардонии шоҳроҳҳои миллӣ, алалхусус Данғара-Оқмазор ва Ҳулбук-Кангурт равона шудааст. Қитъаҳои мазкур шоҳроҳи Осиёии №66 дар Данғара ва Ҳулбукро пайваст намуда, барои ҳамгироии марказҳои бузурги иқтисодии минтақа хидмат менамояд.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 72,93 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 67,49 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд ва 5,44 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
Татбиқи Лоиҳаи мазкур соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.