Баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар доираи Созишнома байни Вазорати молияи Федератсияи Россия ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии илмию методӣ ва мусоидати техникӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи Россия дар самти идоракунии молияи давлатӣ
Аз 15 то 22 декабри соли 2020 дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Федератсияи Россия дар заминаи Пажӯҳишгоҳи молиявии илмӣ- тадқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия тариқи онлайн семинарҳо дар мавзӯҳои «Таҳияи механизмҳои баланд бардоштани сатҳи шаффофияти маълумоти буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳияи механизми пешгӯии даромадҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Такмили механизми идоракунии қарзи давлатӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Чорабинии болозикр таҳти роҳбарии Қурбониён С. – муовини сардори сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лазарян С. – сардори самти барномаҳои байналмилалии Вазорати молияи Федератсияи Россия ба роҳ монда шуд.
Дар семинарҳои мазкур масъулини сохторҳои дахлори Вазорат, аз ҷумла Сарраёсати буҷети давлатӣ, Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ, Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузориҳои давлатӣ ва намояндагони Пажӯҳишгоҳи молиявии илмӣ-тадқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Дар доираи семинарҳо масъалаҳо марбут ба таъмини шаффофияти буҷет, механизмҳои баланд бардоштани индекси шаффофият дар баҳодиҳии созмонҳои байналмилалӣ, дурнамосозии даромади буҷети давлатӣ, идоракунии мутавозини қарзи давлатӣ, рушди бозори дохилии қоғазҳои қиматноки давлатӣ, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ ва механизми муосири идоракунӣ дар ин самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки баргузории чунин семинарҳо барои амалишавии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин ҳавасмандии худро барои дар оянда баргузории чунин семинарҳо ва мубодилаи минбаъдаи таҷриба байни мутахассисони вазоратҳои молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иброз намуданд.