Oид ба имзорасонии Созишнома байни Вазорати молияи Федератсияи Россия ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии илмию методӣ ва мусоидати техникӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи Россия дар самти идоракунии молияи давлатӣ
Дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Федератсияи Россия ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 апрели соли 2019 дар аснои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия ба имзо расонида шудааст, моҳи ноябри соли 2020 Созишнома байни Вазорати молияи Федератсияи Россия ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии илмию методӣ ва мусоидати техникӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи Россия дар самти идоракунии молияи давлатӣ ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз ҷониби Федерастсияи Россия – Вазири молияи Федератсияи Россия Силуанов Антон Германович ба имзо расониданд.
Дар ин асно бо мақсади оғози ҳамкориҳо дар доираи Созишномаи ба имзо расонидашуда, 9 декабри соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷидӣ Ю.Х., ва муовини вазири молияи Федератсияи Россия – Максимов Т.И., ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо, алалхусус ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиш ва табодули таҷриба байни ду мақомоти давлатӣ барои амалишавии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла дар самти такмили банақшагирӣ ва буҷетикунонии хароҷоти давлатӣ, низоми пешгӯии даромадҳо, шаффофияти буҷет, идоракунии қарзи давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок мусоидат менамояд.
Дар поёни мулоқот, ҳарду ҷониб омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия иброз намуданд.