Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Январь 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
Самое читаемое
» Присоединение Республики Таджикистан к инициативе стран ...
» Сухани табрикотӣ бахшида ба фарорасии Соли нави м ...
» Обзора портфеля проектов, реализуемых Евразийским Фондо ...
» Баимзорасонии созишномаи нави грантӣ
» Оид ба шарҳи портфели лоиҳаҳое, ки аз ...
» ПРЕСС-РЕЛИЗ
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» ПРЕСС-РЕЛИЗ
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ


 
Архив новостей
Январь 2021 (1)
Декабрь 2020 (11)
Ноябрь 2020 (10)
Октябрь 2020 (3)
Сентябрь 2020 (11)
Июль 2020 (2)
 
Пресс-релизы : Машварати корӣ
 

Машварати корӣ

 

15 декабр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони ноҳияҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон, дигар идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бонкҳо иштирок карданд.

Масъалаҳои муҳимму рӯзмарраи дар машварати корӣ баррасишуда таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқу гармӣ ва маводи ғизоӣ, вусъат додани тадбирҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, суръатбахшии кишти тирамоҳӣ ва тайёрӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода кардани тухмиҳои аълосифат, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатӣ, мизбонии шаҳри Душанбе дар чорабиниҳои банақшагирифташудаи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва дар маҷмӯъ, андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва назорати нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ буданд.

Нахуст дар кори машварат дар робита ба фарорасии фасли зимистон ва афзоиши талаботи мардум ба нерӯи барқ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки нерӯи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби кишвар дар фасли зимистон бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд.

Зеро ҳарчанд ки захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд.

Вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, ки аз роҳҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва танзими нарх дар бозорҳо мебошад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вусъат бахшида шаванд.

Тибқи маълумот дар кишвар масоҳати чунин заминҳо 214 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки 107 ҳазор гектари он замини обӣ буда, 32 фоизи замини корами кишварро дар бар мегирад.

Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид соли 2021 барои сокинони сайёра соли вазнинтарин мегардад. Беш аз 270 миллион одам бо сабаби камбудии маводи ғизоӣ ба гуруснагӣ ва қиматӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар майдони кишту кори зироатҳои кишоварзӣ, махсусан, картошка ва ғалладонагиҳо зиёд карда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиро дар мамлакат таҳлил намуда, изҳор доштанд, ки то ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти ниҳоят кам мондааст, вале иҷрои корҳои ободонӣ то имрӯз ҳамагӣ 65 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи маълумот бояд то рӯзи ҷашн боз зиёда аз 9000 иншоот сохта, ба истифода дода шавад.

Дастур дода шуд, ки аъзои Ҳукумат, сарпарастони шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби сохторҳои марказӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба масъалаи вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд ва иҷрои пурраи нақшаи тасдиқгардидаро таъмин намоянд.

Ҳамчунин, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо дар фасли зимистон ва риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сӯхтор дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ супоришҳо дода шуданд.

Ба хотири таъмини аҳолӣ бо маводи ниёзи аввал масъулин дастур гирифтанд, ки бо истифода аз захираҳои мавҷуда дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хусусан, дар пойтахти мамлакат ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои маводи ғизоиро мунтазам ташкил намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, бахусус, табақаи ниёзманди аҳолӣ барои дар арафаи соли нави мелодӣ расонидани кумакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ба Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ҳоло дар кишвар даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат ташкил гардида, ба кашфи истеъдодҳо мусоидат карда истодааст, ҷараён дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб карданд, ки ин тадбири фарҳангӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад ва ҳайати ҳакамон ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд. Инчунин, таъкид гардид, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонида шаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба кори муназзами иншооти энергетикӣ, хусусан, пайваста таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе бо барқу гармӣ, таъмини рушди бемайлони соҳаҳои саноат, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт, беҳдошти ҳолати иншооти роҳу нақлиёт, обрасонӣ, хизматрасонии коммуналӣ, бозорҳо ва савдо, бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва варзишу солимгардонӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳои дигар, ҳамчунин, барои баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинони пойтахт, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, хусусан, дар арафаи ҷашни Наврӯз, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзами корхонаҳо ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дода шуданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор намуданд, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти мамлакат, аҳли зиё ва ҳар як фарди бонангу номуси кишвар анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.

 


 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2