Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Ноябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Вакилон Буҷети давлатии Тоҷикистонро барои ...
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонун ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Ба 390 251 нафар/оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина ...
» Баимзорасонии созишномаҳои нави грантӣ


 
Архив новостей
Ноябрь 2020 (4)
Октябрь 2020 (3)
Сентябрь 2020 (11)
Июль 2020 (2)
Июнь 2020 (3)
Май 2020 (8)
 
Пресс-релизы : Ба 390 251 нафар/оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина расонида шуд
 

Дар ҷумҳурӣ дар ростои коҳиш додани паёмадҳои иҷтимоии бемории сироятии COVID-19  тавассути дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ то ба имрӯз ба 390 251 нафар/оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина расонида шуд.

Ин тадбир дар партави татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешида шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пардохти кумакпулиҳои якдафъаина дар маҷмӯъ 174 944 400 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ба ҳолати 17 ноябри соли равон аз маблағи ҷудошуда 156 100,4 ҳазор сомонӣ хароҷот гардида,  390 251 нафар/оилаи осебпазир, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ба 135 156 оила/нафар бо маблағи 54 062,4 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд 120 139 оила бо маблағи 48 055,6 ҳазор сомонӣ, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 16 366 оила/нафар бо маблағи 6546,4 ҳазор сомонӣ, шаҳри Душанбе ба 29 860 оила/нафар бо маблағи 11 944,0 ҳазор нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 88 730 оила/нафар ба маблағи 35 492,0 ҳазор сомонӣ аз кумакпулӣ бархурдор гардиданд.

Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақтаина барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи рӯйхатҳои аз ҷониби вазорату идораҳои марбута пешниҳодгардида шумораи умумии табақаҳои осебпазир дар ҷумҳурӣ 437 361 оила/нафар, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ 43 231 нафар, маъюбон 151 080 нафар, кӯдакони ятим, кӯдакони аз саробон маҳрумшуда 77 982 нафар, аз ин кӯдакони бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ 3000 нафар, кӯдакони маъюби то синни 16 солаи мубталои ВНМО/БПНМ 987 нафар, шаҳрвандони камбизоат (оилаҳои камбизоат) 163 781 оила, гурезагони камбизоати хориҷие, ки расман мақоми гурезара доранд 300 нафарро ташкил медиҳанд.   

Ҳамзамон дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» барои кумакпулии яквақтаинаи иҷтимоӣ ба андозаи 500 сомонӣ ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то 3 сола дар ҷумҳурӣ 3 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст, ки ба ҳолати 17 ноябри соли 2020 ба 32 677 оила маблағи 16 338 500 пардохт карда шудааст.

Пардохти маблағи кумакпулиҳо тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2